Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мекунем. Аз ин рӯ, бояд нисбат ба калимаҳои инсон, одам, шахс ва ғайра низ эҳтиром ва эҳтиёткории махсус дошта бошем, онҳоро беҳуда ва беҷо ба кор набарем. Ин калимаҳои муқаддас бояд барои ифодаи маъниҳои олӣ истифода шаванд. Набояд гузорем, ки онҳо боиси суст шудани сухан ва кам шудани қадри он гарданд. Онҳо иқтидоре доранд, ки қадри суханро баланд кунанд ва мо бояд ин иқтидори онҳоро афзун намоем.
«КОР»-ҲОИ НОДАРҚОР
Дар матбуоти мо калимаи кор хеле бисёр дида мешавад. Вале, мутаассифона, ин калимаро на ба маънои муқаррарии он, балки дар мавридҳое, ки ин калима ҳаргиз лозим нест, кор мефармоянд.
Масалан, мегӯянд: «Корҳои обёрӣ кардани заминҳоро ба охир расонданд». Агар ин ҷо «обёрии заминҳоро ба охир расонданд» мегуфтем, магар дурусттаре намебуд?
«Бюроӣ махсусе бо кори тартиб додани рӯйхат машғул аст». Ин ҷо ҳам «кор» тамоман зиёдатист.
Ҷумлаҳои зерин низ аз ҳамин қабиланд:
«Ӯ дар кори аз истилогарони фашистӣ озод кардани Словакия иштирок кардааст».
«Мутахассисони советӣ дар кори сохтани стансияи электроникии обӣ ёрмандӣ медиҳанд».
«Қисми ҳарбӣ ба кори ба шаҳрҳои дигар кӯчондани одамон ёрӣ расонд».
Дар ин ҷумлаҳо низ матлабро бе калимаи кор адо кардан лозим буд. Чунончи, ҷумлаи якумро ин тавр сохтан беҳтар буд: «Ӯ дар озод кардани Словакия аз истилогарони фашист иштирок кардааст». Ҷумлаи дувум тағйироте намехоҳад, фақат калимаи «кор»-ро тарк кардан кифоя аст (ва дар хабар ба ҷойи «ёрмандӣ медиҳанд», «ёрӣ медиҳанд» гуфтан беҳтар буд). Дар ҷумлаи севум ба ҷойи «ба кори» пешоянди «барои»-ро овардан даркор буд.
Ин ҷумлаи обдорро, ки зодаи табъи баланди кадом қаламдастест, бинед: «Ба кори планро иҷро намудани управления ҳиссаи калон гузоштем». Агар ин ҷумларо ба тоҷикӣ тардонем, ин тавр мешавад: «Дар иҷрои нақшаи идора ҳиссаи калон гузоштем».
Ин тарзи истифодаи калимаи «кор» ҳамчунон бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё