Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«ВОБАСТА АЗ» НЕ, «ВОБАСТА БА»!
Дар навиштаҳои ҳозира — чӣ дар матбуоти ҷорӣ ва радиову телевизион, чӣ дар адабиёти бадеъӣ бо пешоянди аз омадани калимаи вобаста расм шудааст:
«Фаҳмиши асар аз мунаққид, аз дараҷаи фаҳмиши ӯ, аз дарки ӯ вобаста аст.
Бахти ҳар кас аз худаш вобаста аст.
Бисёр чиз аз зан ҳам вобастагӣ дорад.
Инқишофи достон... аз шахсияти қаҳрамон вобаста аст. Ва ғайра.
Фақат дар баъзе мавридҳо, он ҳам дар адабиёти бадеъӣ гоҳ ин гуна ҷумлаҳо бо пешоянди ба сохта мешаванд. Чунончӣ, дар ин ҷумлаи Ю. Акобиров: «Акнун ҳама гап ба арӯс вобаста!»
Бояд гуфт, ки дар ин мавридҳо фақат бо пешоянди ба омадани вобаста дуруст аст, аммо бо пешоянди аз омадани онро дуруст шумурдан ҳаргиз мумкин нест. Чаро ки вобаста аз феъли бастан аст ва ҳол он ки бастан ба тоҷикӣ пешоянди ба талаб дорад: одатан чизеро ба чизе мебанданд, аммо чизеро аз чизе бастан дар забони мо нест.
Пас ин ҳама «вобаста аз»-ҳо дар забони имрӯза аз куҷо пайдо шуд? Сарчашмаи онҳо ибораи русии зависит от мебошад. Дар русӣ феъли зависеть ба маънои вобаста будан пешоянди от талаб мекунад: Это зависит от него. Азбаски пешоянди от ба тоҷикӣ бо аз ифода меёбад, тарҷумонҳо қолиби «вобаста аз»-ро ихтироъ карданд. Ин ихтироъ аз тарафи тақлидкорони онҳо хуш истиқбол шуд ва рафта-рафта хеле паҳн гардид. Яъне вобаста аз дар натиҷаи ин ки аз ибораи русӣ ба таври механикӣ нусха бардоштанд, пайдо шуд. Онҳое, ки ин қолибро истифода менамоянд, фаромӯш мекунанд, ки дар ибораи тоҷикӣ пешояндро бояд феъли тоҷикӣ муайян кунад, на феъли русӣ. Модоме ки ибораи тоҷикӣ аз феъли бастан гирифта шудааст, пас пешоянди он ҳам бояд мувофиқи ин феъл бошад.
Ногуфта намонад, ки дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и А. Деҳотӣ ва Н. Н. Ершов (1949) пешоянди феълҳои русӣ ва тоҷикӣ нишон дода нашуда бошад ҳам (ва инро яке аз камбудиҳои калони ҳар як луғат бояд донист), ба ҳар ҳол ҷумлаи «Это от меня не зависит» чунин тарҷума гардидааст: ин ба ман дахлдор нест, ин ба ман вобаста нест. Яъне А. Деҳотӣ равшану возеҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ