Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳол он ки қолиби ҳар кадоми ин гурӯҳҳо дигар аст: худшиносӣ ва худомӯзӣ фақат аз се ҷузъ иборат аст, аммо худмаҳдудкунӣ, худтакмилдиҳӣ ва ғайра аз чор ҷузъ таркиб ёфтаанд. Фақат ба сабаби ин ки ҳамаи ин калимаҳо дар аввал як «худ» доранд, набояд чунин пиндорем, ки онҳо аз рӯйи як қоида сохта шудаанд. Баҳс ҳам дар сари ҳамин меравад, ки онҳо ба як қолиб намегунҷанд. Ин ҷо ду таркиб дида мешавад, ки яке хилофи дигарест, яке дигареро истисно мекунад.

Қолиби чорҷузъии ин калимаҳо ба табиати калимасозии тоҷикӣ бегона аст. Мо дар бобҳои гузашта (боби «-кунӣ», «-шавӣ», «истифодабарӣ») дидем, ки дар забони тоҷикӣ аксаран феъли ёвари ибораи феълӣ дар калимасозӣ иштирок намекунад. Ин яке аз муҳимтарин қоидаҳост. Ҳар гоҳ ки ин қоида вайрон шуд, калима шакли сунъӣ мегирад. Ҳамаи он калимаҳое, ки бо -кунӣ, -шавӣ, -ёбӣ, -диҳӣ, -барӣ ва монандӣ инҳо сохта шудаанд ва бисёре аз онҳоро мо дар бобҳои гузашта аз назар гузаронидем, дар натиҷаи вайрон шудани ҳамин қоида ба миён омадаанд ва аз ҳамин сабаб бегона менамоянд. Маҳз ба ҳамин сабаб ҳам калимаҳои худтанқидкунӣ, худтакмилдиҳӣ, худосоишёбӣ, худтаскиншавӣ ва монандӣ инҳо табиати аслии калимасозии тоҷикӣ намебардорад. Худи калимаҳои танқид, такмил, таскин, осоиш маънои амалу ҳаракатро ҳам мефаҳмонанд, яъне ҳамон маъноеро, ки асоси феълҳои «кардан», «додан», «шудан», «ёфтан» ифода мекунад, худи «танқид», «такмил», «таскин», «осоиш» дар бар дорад. Аз ин рӯ, барои илова кардани асоси феъл эҳтиёҷе намондааст.

Ба ин сабаб мо ақида дорем, ки шакли аслии ин калимаҳо, ки мувофиқи табиати забони тоҷикианд, ин аст: худтанқидӣ, худтакмилӣ, худосоӣ, худтаскинӣ, худмаҳдудӣ, худидорагӣ, худмудофиагӣ, худмуайянӣ ва ҳоказо.

Шарофиддин Рустамов ба ин ақидаи камина эрод гирифта, аз ҷумла чунин далел оварда буд: «Яке аз сабабҳои инкишоф наёфтани роҳи якум (тарзи «худтанқидӣ») ва васеъ паҳн шудани тарзи дуюм («худтанқидкунӣ»), ба фикри мо, дар он аст, ки дар тарзи якум муносибати ҷузъҳои калимаи мураккаб равшан ҳис карда намешавад. Калимаи «худмуайянӣ»-ро ду хел фаҳмидан мумкин: худро муайян кардан ва худ муайян шудан».1

1 Рустамов Ш. Забон ва замон, саҳ. 113.

пешина
аз 393
навбатӣ