Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ҳам, кор аз кор гузашта буд. Ҳамин тавр, бо забони ӯзбакӣ ба пешонаяи деҳи нав ҷойноме часпонида шуд, ки аҳолии маҳаллӣ бо лафзи шикаста Янгарикаш хонданд.
— Афсӯс...
— Бале, кори ношуданӣ шуда буд. Аслан, сиёсати давру замон буд магар, ки чандин сол дар ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ, дар рӯзномаҳо номи деҳаи калонтарини Сӯх - Қалъаи Болоро бо забони ӯзбакӣ дарҷ мекарданд: Юқори Қӯргон. Хайрият, ҳафтаномаи маҳаллии «Ҳаёти нав» хатои онҳоро пайваста ислоҳ карда меистод, вагарна имкон дошт, ки тамоми номҷойҳоро таҳтуллафз тарҷума кунанд.
Хушбахтона, аксари номи рустоҳои моро, ба монандӣ Кунҷок, Малбут, Ровон, Пидиргон, Симодон, Селункур, Дувахш, Зангат, Варган, Лембур, Тил, Ғазнов, Киш тут, ки мегӯянд вожагони суғдианд, ба забони бегона тарҷума кардан аз имкон берун аст. Воқеан, гап дар сари Янгариқ мерафт. Ту чизе гуфтан мехостӣ?
— Муаллимамон бо истинод ба навиштаи баъзе муаррихон мегӯяд, ки Ровон таърихи қадима надорад.
Мардумаш ҳама баъди инқилоб омадаанд.
Бобоям хандаи истеҳзоомезе карданд.
— Аз куҷо омадаанд? Аз Африқо не? Ин фикрро онҳое парокандаанд, ки корашон тафриқа андохта ҳукумат рондан будааст. Ҳамин масҷиди ҷомее, ки имрӯз худобехабарон анбори картошка кардаанд, то Инқилоби Уктабр аз тарафи бобои модарии падарат - Қозихон Эшони яйпанӣ андохта шуда буд. Қозихон Эшон писари Қозикалони хонигарии Қӯканд будаанд. Бародари он касро Қозича Эшон мегуфтаанд. Решаи ҳамаи онҳо аслан сӯхӣ буда, аз пайи илму дониш андӯхтан ба Қӯканд рафтаанд.
Қозихон Эшон нахуст ба маҳалли Чорсӯи Қӯканд биное барои масҷиди ҷомеъ андохтаанд, ки имрӯз ҳам ҳар рӯзи одина ҳазорон аҳли тақво барои адои намози ҷумъа ба он ҷо мераванд. Мегӯянд, ки аз фарзандони Эшони Қозикалон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи мулки Фарғона асосан мактабу масҷидҳо ба ёдгор мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё