Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
доранд. Шояд замоне ҳам Янгариқ, ки аслан Янги ариқ аст, замини онҳо бошад, — тахмин зад ӯ.
– Ин деҳа агар замини падарони қирғизҳо мебуд, Янги ариқ нею Ҷенги ариқ ном медошт, — ба гуфтаи омӯзгор розӣ нашудам ман. — Аммо якумин деҳаи узбакнишин камаш 70 километр аз Сӯх дур...
– Дарси мо ҳозир аз «Таърихи Руси қадим» аст, на аз таърихи ба кӣ тааллуқ доштани замини Янгариқ. Аслан, одами советӣ ҳақ надорад, ки миллатгароиву заминталошӣ кунад. Ҳамаи мо гражданини як мамлакати бузург буда, як Ватан дорем – СССР!!!
Чанд нафар аз нишастгоҳи ақиб ба ҳолам хандиданд.
Бегоҳ ин саволро ба бобои Мулло Ҷалолам додам. Он кас лаҳзае риши мошу биринҷашонро қабза карда ба фикр фурӯ рафтанд ва баъди чанд дақиқа сухан оғоз карданд:
– Солҳои кӯдакии мо (эшон мутаваллиди соли 1900-уми милодӣ буданд) миёни деҳаҳои Ровону Афтобрӯ як дашти васеи беоб вуҷуд дошт, ки онро кӯҳи на он қадар баланд (эшон ба кӯҳи Ровон ишорат карданд) гӯё дударон мекард. Деҳаи Ровон аз оби Тагобу Обишир шодоб буд. Ба як қисми даште, ки таъкид шуд, аз тариқи Афтобрӯ, ки мегӯянд нахустманзили ровониён будааст, андак оби чашма ва селобҳои кӯҳу камар расам-нарасам хушк мешуд. Он солҳо деҳаи Афтобрӯ замини лалмии кишту кор ва дашт чарогоҳи аҳолии Ровон ҳисоб меёфт. (Падари ман низ дар он мавзеъ замини зиёди лалмӣ, боғу боғхона ва чарогоҳ доштанд.) Мардуми доро қирғизони бебизоати гирду атрофро барои бонӣ кардани чорвояшон ба тариқи кироя чӯпону подабон гирифта, дар боғхонаҳои Афтобрӯяшон муваққатан ҷой медоданд. Андактар қиргизҳо зану фарзандони хешро низ оварда, чанд оила маскуни деҳаи мазкур шуданд. Чун аҳолӣ афзуду масъалаи ба манзили зист ва замини кишт ниёз доштани оилаҳо сахт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё