Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Санги лағзонакро, ки баробари як инсон, як шаҳр, як деҳа, як кӯҳ ва як дарёи ин сарзамини аҷдодӣ ном дорад, чаро бо фармони занак мебардоштааст? Аслан, Санги лағзонак, ҳамон сон ки занаш мегӯяд, дар миёнҷой не, балки дар канори ҳавлӣ ҷойгир аст. Ва инро, чи навъ ки ҳамсояи девордармиёнашон Мухтори бахшӣ ба занаш гуфтааст, ду мошини боркаш сангу шағал медиҳад, Зокири Хоҷа нарӯёндааст. Бешак, ин ҳамсинни Одаму Ҳаввост. Ва аҷаб нест маслиҳатгарони занаш барин одаму одамакҳоро миллиард-миллиард дида бошад. Ва манзараи атрофи он садҳо ҳазор бор дигар шуда бошад. Чунон ки дар ҳамин умри кӯтоҳ Зокири Хоҷа бо чашмони худ дидааст, аввал як гӯшаи Кунҷок зардолубоғи хушбоду ҳавое буд, ки бибии раҳматиаш Зандолистон ном мебурд. Сонӣ қисмати кӯҳдоман болотар аз ҷӯйи Ровон аз ҷониби мактабиён ба себистон табдил дода шуд.
Мӯйсафед чашм мепӯшаду ба ёди он рӯзҳо дилаш гум мезанад. Бале, он вақт баҳори шонздаҳуми умраш буд. Бо роҳбаладии котиби комсомоли мактаб ба Кунҷок расиданд. Расиданду ба кор не, ба Санги лағзонак часпиданд. Шояд санги номдор аз рӯзи офариниш чунин манзараи дилфиребро надида бошад. Аввал писарбачаҳо, сипас духтарбачаҳо бо шӯру шааф, бо садову нидоҳои сурурангез аз фарқи сари он поён мелағзиданд. Поён мефаромаданду боз аз паси дигарон навбат мегирифтанд. Баъзе духтаракон аз сари ноз гӯиё ба сари харсанг баромадан кори мушкиле бошад, «Вой меғалтам!», «Вой, очаҷон-е!»-гӯён бо умед ба писарон чашм мепартофтанд. Ва аксаран «мададгорон» ҳам пайдо мешуданд. Баъзе писаракони боҷуръат аз дасти нозукакҳо дошта то сари Санги лағзонак мерасониданд. Ва шояд ҳамин бори аввал даст ба даст доданҳо оғози дил доданҳо ҳам мешуд.
Дар ёдаш ҳаст, он рӯз осмон абрноку буда андак-андак борон ҳам меборид. Бо расида омадани ҷонишини директори мактаб Заҳваров мактаббачагон аз бозӣ ба кор часпиданду дар андак вақт шӯхӣ-шӯхӣ як майдони васеъро дар шакли тахтаи шоҳмот ниҳоли себ шинониданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё