Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Житомир диловарона ҷангида саҳми арзанда гузоштааст. Бинобар ҳамин ба дивизияи миномётии 350-ум номи «Житомирская» дода, ба ордени «Богдан Хмельницкий» сазовор гардонда буданд. Раҳим Раҳмонов махсусан дар озод намудани райони Комсомольски Житомир корнамоиҳои беамсол нишон медиҳад. Вале дар яке аз муҳорибаҳо ӯ сахт ярадор гашта, ба госпиталь меафтад. Баъди якчанд моҳи табобат ӯ ба қисми худ бармегардад.

Ӯро барои фидокориҳои бемислаш дар шаҳрҳои Украина ба сафи Партияи Коммунистӣ қабул карданд.

«Ин дар ҳаёти ман, — навиштааст ӯ дар ёддоштҳояш, — мукофоти олитарин буд. Чунин боварӣ маро водор намуд, ки ба халқу Ватан боз ҳам бештар хизмат карда, бар зидди фашистони истилогари диловарона мубориза барам».

Оре, Раҳим Раҳмонов барои сазовор будан ба номи олии коммунист масъулиятро дучанд ҳис мекард. Вай аз ақибнишинии муваққатии қӯшунҳои советӣ рӯҳафтода намешуд, балки, баръакс, нисбат ба душман зиёдтар нафрат пайдо мекард, хуни ҷавониаш ҷӯш мезад. Шодию хурсандии вай ҳангоми шикастхӯрии гитлерчиён дар назди Сталинград ва Москва ҳадду канор надошт. Ҳамьяроконашро ба ғалаба бовар мекунонд.

Дар сарзамини Польша бо чашмони худ дид, ки халқи поляк ба пешвози озодкунандагони худ — аскарони советӣ баромада, ашки шодӣ мерехт.

Дар қабати ҳуҷҷатҳои Раҳим Раҳмонов вараке ёфт шуд, ки дар он сатрҳои зерин сабт гаштаанд:

«Поляхҳо аз дасти фашистон азобу уқубати бисёре дида буданд магар, ки моро бародарвор ба оғӯш гирифта, мебӯсиданд, меҳрубонию илтифот мекарданд»1.

1 Архивни марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2. д. 53.

пешина
аз 139
навбатӣ