Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯнӯм
зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад
номро».
РАҲМОНОВ
Раҳим
(1910-1981)
Раҳмонов Раҳим аз ҷумлаи он баҳодурон — фиристодагони Тоҷикистон мебошад, ки сазовори се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.
Мутаассифона, ин марди диловар алҳол дар қайди ҳаёт нест. Ӯ соли 1981 аз дунё чашм пӯшид. Фарзандони қаҳрамон (ду писар ва се духтар), ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи республикаамон кор мекунанд, бо падари хеш ифтихор доранд.
Доир ба корномаҳои ҷангии Раҳим Раҳмонов ёддоштҳои ӯ ва очерку мақолаҳои матбуот, хусусан ҳуҷҷатҳое, ки дар Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР маҳфузанд, гувоҳӣ медиҳанд.
Вохӯрии мо бо фарзанди қаҳрамон, муаллими математикаи мактаби миёнаи рақами 37 райони Истаравшан Нозир Раҳмонов низ дар муайян кардани шахсияти қаҳрамон кӯмаки калон расонд. Ӯ ҳуҷҷатҳои зиёде, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё