Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Рафиқ Исраэлян бинобар дар муҳорибаҳои зидди фашистони истилогаргар ҷасорату шуҷоат нишон доданаш ба ордени Шараф дараҷаи I лоиқу сазовор аст»1.

Дар асоси тавсияномаи фармондеҳи полки 140-уми тирандози майори гвардия Радионов Президиуми Совети Олии СССР 24 марти соли 1945 ӯро бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонд.

Ҳамин тавр, писари арзандаи Ватан Исраэлян Григорий Аванесович ба ҳар се дараҷаи ордени олии солдату сержантҳои советӣ — ордени Шараф мушарраф шуд.

Вай ҷанги хонумонсӯзи зидди фашизмро дар Гданск ба поён расонд ва соли 1946-ум ба зодгоҳаш деҳаи Нижная Сизнеки Озарбойҷон баргашт. Хурсандии аҳли хонадон поён надошт. Сокинони деҳи Сизнек бо ҳамватани қаҳрамони хеш ифтихор доштанд.

«Соли 1961 — мегӯяд Исраэлян, — ман ба шаҳри Турсунзода барои истироҳат омадам. Ин ҷо чанд хешовандонам мезистанд. Табиати дилфиребу мардуми дилнавозаш писандам афтоданд ва қарор кардам, ки ба ин ҷо кӯчида биоям».

Ҳамин тавр, аз соли 1961 ин ҷониб Исраэлян дар республикаи мо кор ва зиндагӣ мекунад. Вай дар ательеи либосдӯзии ноҳияи Турсунзода устои либосбур, сониян сардори цех шуда кор кардааст. Вай дар меҳнат низ худро чун кордону меҳнатдӯст нишон дод. Соли 1979 коркунони ательеи либосдӯзӣ дар вазъи ботантана ӯро ба нафақа гуселониданд. Вале ӯ бекор нишаста натавонист, боз ба коргоҳи хеш ба кор омад ва боз устои либосбур таъин гардид. Ҳамсараш Тереза Яковлева низ либосдӯз аст. Ӯ дар ательеи «Лола»-и шаҳри Турсунзода кор мекунад.

1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР. р. 686046, д. 25, в. 268.

пешина
аз 139
навбатӣ