Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Падар, модар, хоҳар маҳз ҳаминро аз ту чашмдоранд»¹.
Ҳамин тариқ, фарзанди диловари Ватан Исраэлян Григорий Аванесович намунаи ибрати сарбозони советӣ мегардад. Ӯ рутбаи старшинаро соҳиб гашта, командири взводи сапёрҳо таъин мегардад.
Варақаҳои мукофоти ӯро хонда, кас аз ҷасорати ин родмард дар ҳайрат мемонад. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои архив дар ин бобат чунин навишта шудааст:
«Исраэлян сапёри моҳиру нотарс буданашро дар васеъ намудани плацдарми соҳили чапи дарёи Великая бори дигар нишон дод.
26 марти соли 1944 ӯ бо гурӯҳи сапёрҳо ба оташфишонии душман нигоҳ накарда, барои гузаштани подразделенияи тирандоз аз хатти симхори душман роҳ кушод ва ба деҳаи Глыжино зада даромад. Худи ҳамон рӯз ӯ барои аз дарёи Великая гузаштани артиллерияи полк ёрӣ расонд.
Баъди дар деҳаи Глыжино мустаҳкам ҷой гирифтани полк ӯ бо чанд нафар сапёрон бештар аз 1500 мина хобонд, ки дар натиҷа солдатҳои зиёди немис ҳалок гаштанд. Онҳо мехостанд, ки 29 марти 1944 ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаранд, вале минаҳои хобондаи сапёрҳои Исраэлян имкон надоданд.
Шаби 10 апрели соли 1944 рафиқ Исраэлян зери оташи миномётҳои душман аз дарёи Петь гузаргоҳ пайдо карда, ба соҳили дигари дарё гузаштани артиллерияи мо ёрӣ расонд.
Барои ҷасорат нишон доданаш дар ба вуҷуд овардани плацдарми соҳили ғарбии дарёи Великая Исраэлян ба мукофоти ҳукуматӣ сазовор аст»2.
Ҳамин тавр, бо тавсияи командири полки 140-уми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё