Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Ташаккур мекунам фарзанди моён
қаҳрамон гардид,
Ба майдон рафта нури чашми
мо соҳибнишон гардид».
ҚАМАРОВ
ҶОНБОЙ
(1924)
Вақте ки ба Ҷонбой Қамаров ордени тиллои Шараф дараҷаи I-ро супурданд, ҳамагӣ 21-сола буд. Фиристодаи халқи тоҷик Ҷонбой Қамаров дар полки 422-юми тирандозии дивизияи 170-ум яке аз нахустин ҷанговаронест, ки ба се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардида буд. Вай дар озод намудани шаҳру ноҳияҳои республикаи бародарии Белоруссия ҳиссаи калон гу- зоштааст. Фашистон ин сарзаминро ба харобазор таб- дил дода буданд.
Туфайли ғалабаҳои пайдарҳами Армияи Советӣ тадриҷан ин сарзамин аз фашистон озод гашт. Вале муҳорибаҳои шадид давом доштанд. Охирҳои соли 1943-ум 1020 ҳазор мураббаъ километр сарзамини со- ветӣ аз истилогарон озод карда шуда буд, ки дар ин ҳудуд то саршавии ҷанг қариб 46 млн. аҳолӣ истиқомат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё