Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рафти муҳориба рафиқ Ғоибов, сарфи назар аз ярадор шуданаш, майдони ҷангро тарк накард»1.

Ин далерии ӯ мувофиқи фармони Армияи якуми гвардия аз 10-уми январи соли 1945 бо ордени Шараф дараҷаи II қадр карда мешавад.

Ҳамин тариқ, фарзанди деҳи Кӯштегирмони ноҳияи Нов Алимурод Ғоибов дар озод намудани Новороссийск, Перекоп, Кубань, Севастополь, Керч, Ялта ва дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани паҳноварамон, инчунин аз асорати фашизм озод намудани халқҳои Европа саҳми сазовор гузоштааст.

Алимурод Ғоибов, чун дигар сарбозони советӣ, қарзи интернатсионалии хешро сарбаландона адо намуд. Саҳми ӯ хусусан дар озод кардани шаҳру деҳоти Чехословакия шоистаи таҳсин аст. Вай маҳз барои озод намудани ин сарзамини бостонӣ ба ордени Шараф дараҷаи I сазовор дониста шуд. Дар варақаи мукофоти ӯ, ки бо имзои командири роҳани 109-уми махсуси разведка капитани гвардия Бидаев ба поён мерасад, дар ин бобат чунин навишта шудааст: «Сержанти гвардия, ёрдамчии командири взводи ротаи махсуси 109-уми разведкаи дивизияи 128-уми Байрақи Сурхдори кӯҳии тирандозии Туркистон Алимурод Ғоибов 27 январи соли 1945 дар муҳорибаи хунин чандин нафар фашистонро нобуд кард.

2—3 феврали соли 1945 Алимурод Ғоибов ба ақибгоҳи душман гузашта, дар маҳалҳои аҳолинишини Певель, Вельки, Рассель чандин фашистро ба ҳалокат расонда, ҷабаи пур аз яроқу аслиҳа, хӯроквориро ғанимат ва 2 фашистро асир гирифта ба қисм расонд»2.

Чанде нагузашта, аз дили Ватани паҳновари Совет-

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 690306, д. 2684. в. 280.
2 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 686046. д. 186. в. 252.

пешина
аз 139
навбатӣ