Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

базму бозии Наврӯзӣ дар саҳни толори бузурги Ободан, ки 72 шоҳсутуни 18,5-метра дошта, саҳни он 4 ҳазор метри мураббаъ меомад, Искандарро ба ваҷд овард. Искандар дар поёни сӯҳбат ба сафирон нигариста, бо чашмони шарарбор гуфт: "Рӯзе мерасаду ман дар тахти зарандуди шоҳаншоҳи шумо нишаста, дар Персе- пол (Тахти Ҷамшед) Наврӯзро истиқбол мегирам".

Сафирон ва бузургонон ин суханони Искандарро ҳавову ҳаваси кӯдакӣ пиндоштанд. Аз байн панҷ сол нагузашта, Искандар дар синни 20-солагӣ ба ҷои падараш ба тахт нишаст ва барои тасхири давлати бузурги Ҳаҳоманишиён лашкар кашид. Барои лашкаркашӣ баҳонаи муносиб он буд, ки форсҳо чандин бор ибо- датхонаву қадамҷои муқаддаси худоёни Юнонзаминро поймолу ғорат карданд. Акнун соати рабудани қасос фаро расид. Тахти Ҷамшедро фатҳ карда, сарвати беқиёси шоҳаншоҳони Форсро ба сарзамини Мақдуния ва иттифоқчиёни он бояд кашонид.

Лашкари Искандар баъди чандин набардҳои шадид ва ғалабаҳои пайдарпай вориди Миср гашт. Ашрофони Миср Искандари Мақдуниро хуш пазируфтанд, ба ӯ шарафи фиръавниро му- носиб доданд. Рӯҳониёни кишвар ӯро писари худои олитабор Амон-Ра хонданд. Искандари Мақдунӣ муддате дар билоди Миср монд ва мавзеи муносиберо дар резишгоҳи дарёи Нил интихоб карда, ба бунёди шаҳри Искандария пардохт. Ӯ дар тарҳбандӣ ва таҳияи лоиҳаи шаҳр шахсан иштирок намуда, мувофиқи ривояти муаррихон Арриан ва Плутарх ба ҷои пойдевори иморатҳои оянда нишонаҳо мегузошт ва орд мепошид, то ки сафедӣ ёр шаваду шаҳри тозабунёд беосебу зуд анҷом пазирад. Искандария мебо- ист пойтахти нави давлати Мақдуния қарор гирад ва яке аз бандарҳои муҳимтарини киштиронӣ гардад. Искандар чун шогир- ди боистеъдоди Арасту дар интихоби пойтахти нав хато накард ва пеш аз ҳама мавқеи мудофиавӣ, омилҳои тиҷоратӣ ва шароити та- биии шаҳрчӯйро ба инобат гирифт.

Бунёд намудани Искандария дертар зери сарварии меъмори мақдуӣ Хейрократ идома ёфт ва устохову ҳунармандони бешумор аз шаҳру билодҳои забтшуда ба ин ҷо меомаданд. Ҳазорон ҳазор ғуломону сиёҳпӯсту сафедпӯст тахтасангҳои бузургро мекашонданд, шоҳсутунҳои мармарину хороро устувор мекарданд, пойдеворҳои мӯҳташамро мебардоштанд, кӯчаву хиёбонҳоро

пешина
аз 84
навбатӣ