Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ҳайкал хаёле ларзиду ба ҷунбиш омад ва боз ором гирифт. Такони шадиди навбатии қабати рӯи заминро боз бо тундӣ бардошт. Муҷассамаи Колоси Родосӣ аз ин такони ногаҳонӣ калавида хам хӯрд ва ноаён пуштнокӣ рафта бо зарби мудҳише ба замин афтод. Ва бо ҳамин яке аз мӯъҷизаҳои нотакрори аҳди қадим бар асари заминларзаи шадид чанд пора шуда, дар даромадгоҳи бандари шаҳри Родос дар як гӯшаи майдони Дигма ба хоби абад рафт.

Сокинони Родос ва ҳамсоякишварҳои он борҳо кӯшиш намуданд, ки бо мадади пайкартарошону меъморони забардаст пораҳои шикастаро васл карда, ин ҳайкали мӯҳташамро аз нав барқарор созанд. Вале дубора эҳё намудани ин мӯъҷизаи беназир ба касе муяссар нагашт.

Муаррихону воқеанигорони аҳди қадим Страбон, Плиний ва Филон аз зебоию шукӯҳи муҷассамаи хуфтаи Колоси Родосӣ ба ҳайрат омада, онро чун ёдгории беамсоли дунёи қадим тавсиф намудаанд. Ба қавли Плиний ангушти кӯчаки ин муҷассама дар назар аз як ҳайкали муқаррарӣ бузургтар менамудааст.

Ҳамин тариқ пайкари эминмонда ва шикастапораҳои муҷассамаи Колоси Родосӣ дар майдони Дигма боз тақрибан 1200 сол хобида, бо шукӯҳу шаҳомати худ ҳазорҳо мухлисони осори атика ва мусофирону савдогарони кишварҳои дуру наздикро мафтун мекард. Аз қазо соли 997 мелодӣ арабҳо ҷазираи Родосро забт намуда, шикастапораҳои ин муҷассамаро ба як тоҷир фурӯхтанд. Ин тоҷир ба хотири об кардани фулузоти ҳайкал,

Ҷазираи Родоси Юнон. Маконе, ки дар он муҷассамаи Колосс қомат афрохта буд.

пешина
аз 84
навбатӣ