Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

сабақ гирифтааст.

Рӯз аз нисф гузашта бегоҳ мешуд, вале издиҳоми мардуми тамошобин кам намегашт. Ҳангомаҷӯён чашм аз андоми муҷассама намеканданд. Мувофиқи дархости шӯрои шаҳр ва сокинони он офтоб аз дами тулӯъ то овони ғуруб мебоист андоми муҷассамаро нурафшонӣ мекард. Ҳангоме ки офтоб охирин шӯълаҳояшро аз рӯи муҷассама ғундошта, дар паси кӯҳҳои дуродури васати баҳр фурӯ рафт, фарёди таҳсиномезу аҳсантхониҳои издиҳоми одамон саросари хиёбони Дигмаро фаро гирифт. Муҷассамаи Колоси Родосӣ аз чашмдошти онҳо зебою бошукӯҳтар баромада, ҳайкалтароши бузург Хорес дархости сокинони шаҳр ва шӯрои доваронро аз аслаш зиёдтар анҷом дода буд.

Шӯҳрату овозаи оламгири муҷассамаи ҷазираи Родос ба чаҳор самти олам паҳн шуда, дар халиҷҳои паҳновари шаҳр киштиҳои тиҷоратию мусофиркашонӣ намеғунҷиданд. Аз билодҳои дуру наздик одамони зиёде ба тамошои ин мӯъҷизаи беҳамто омада, ҳанӯз аз фосилаи баҳри дуродур муҷассамаи сар ба осмон афрохтаро медиданду аз талиаи тоҷи нурафшони ӯ ангушти ҳайрат мегазиданд. Ҳайкали бузург чун ҳомию посбони бебадали ҷазираи Родос ба самти баҳри нопайдоканор назар афканда, гӯё сокинони шаҳрро аз пешомади ногувор ва хатару балоҳо эмин медошт.

Сокинони Родос ба ин ҳайкал эътиқоду эҳтироми бузург дошта, дар рӯзҳои ҷашну тантана ба хотири он қурбониҳо мекарданд. Вале аз қазо умри ин ҳайкал чандон дароз набудааст. Мувофиқи ахбори муаррихон тақрибан баъди 60 сол, яъне соли 225 қабл аз мелод, дар яке аз торикшабҳои поёни моҳи октябр сокинони шаҳр аз такони зилзилаи мудҳише бедор шуданд. Замин меларзид ва бо шиддати тамом такон мехӯрд, ғулғулаи даҳшатноке ба фазо бархоста ақлҳоро тира мекард. Гулдурроси осмонгири радд ва чаҳидани барқ сонияе ором намегирифт. Шӯълаҳои оташ аз чаҳор самти ҷазира аланга мезад, баҳр такон хурдаю мавҷ зада меғуррид.

Аз дунболи заминларза туфони шадиде бархеста, дарахтону иморатҳоро меафтонд ва ҳама чизи ба дамаш фитодаро рӯфта ба коми баҳр ҳаво медод. Аз асари таконҳои сахти замин деворҳои қалъаи шаҳр меафтод, манораву бурҷҳои дидбонӣ яксони хок

пешина
аз 84
навбатӣ