Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  • котили Рухшона ва писари валиаҳдаш Александри IV, ки мехост императори яккатози қаламрави Юнонзамин бошад, аз набудани Деметрий истифода бурда, шаҳри Афинаро муҳосира намуд ва ба падари Деметрий - Антигони Якчашма фишори шадид овард. Мардуми Афина Деметрийро ба ёрмандӣ даъват карданд ва Антигон ба писараш таклиф намуд, ки ҳарчи зудтар бо сокинони Родос сулҳу созиш баста, ба мадади онҳо шитобад. Деметрий маҷбур шуд, соли 304 то мелод ночор сулҳ баста, бо сесад киштӣ роҳи Афинаро пеш гирад.

Сулҳу созиш дар ҳар сурат барои сокинони шаҳри Родос як ғалабаи бузург ҳисоб мешуд. Зеро созишномаи баимзорасида бо вуҷуди товони ҷанг истиқлолияту соҳибихтиёрии ҷазираи Родос ва ҳуқуқҳои онҳоро дар тиҷорати озод ва баҳрнавардӣ эътироф мекард.

Сокинони Родос сулҳи гарон ва некфарҷомро бо тантанаи бошукӯҳе истиқбол гирифта, азм намуданд, ки ба шарафи ин ғалабаи бузург ҳайкали азиму беамсоли худои офтоб - Гелиосро бунёд намоянд. Зеро ба пиндори онҳо маҳз ҳимояту пуштибонии худои офтоб - Гелиос буд, ки Деметрийи абарқудрат ва мағлубнопазир аз болои онҳо ғалаба карда натавонист. Онҳо чун рамзи ғалаба аввал мошини бузурги садшикан - Ҳелеполемро дар яке аз хиёбонҳои Родос ба намоиш гузошта, сипас ба ғундоштани маблағ ва лавозимоти зарурии сохтмон шурӯъ намуданд.

Баъди гирдоварӣ намудани сесад талант маблағ шӯрои шаҳр тақрибан дар соли 301 қабл аз мелод сохтани ҳайкалро ба яке аз ҳайкалтарошони машҳур - Хорес супурд, ки ӯ дар офаридани чандин ёдгориҳои машҳури Родос саҳм дошт. Хорес аслан сокини яке аз шаҳрҳои Юнон - Линдос буда, санъати муҷассамасозиро аз ҳайкалтароши бузурги юнонӣ Лисипп омӯхта буд. Мардуми Родос мехостанд Хорес ҳайкали бузургу беҳамтое бисозад, ки ҳатто аз муҷассамаи офаридаи Фидий - ҳайкали Зевси олимпӣ афзалият дошта, дар шукӯҳу шаҳомат аз муҷассамаи фиръавни Миср Рамзеси II дар Карнак чанд поя боло истад. Аз ҳамин лиҳоз шӯрои шаҳр бо иштироки сокинонаш қарор кард, ки баландии ҳайкал зиёда аз 70 оринҷ (36 метр) шуда, ба он Колос, яъне ҳомии шаҳр ном ниҳанд. Ҳамин тариқ

пешина
аз 84
навбатӣ