Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
- ҲОМИИ ҶАЗИРАИ РОДОС
Шаҳри Родоси қадим.
Ҷазираи Родос яке аз зеботарин ҷазираҳои Баҳри Миёназамин буда, аз лиҳози мавқеи киштигардӣ ва шароити мусоиди қабулу гусели киштиҳои хурду бузург ҳамто надошт. Дар чаҳор фасли сол халиҷҳои ин ҷазира пур аз киштиҳои тиҷоратии кишварҳои дуру наздик буда, савдогарони гуногунзабону мухталифмазҳаб дар бозорҳои шаҳри Родос озодона ба хариду фурӯш машғул мешуданд.
Сокинони ҷазира аз шарофати тиҷорат ва афзунии молу мавод зиндагии осудаҳолонае доштанд ва сарзамини кӯчаку пур аз файзу баракати худро дӯст медоштанд. Онҳо ба худои офтоб - Гелиос эътиқоди тамом дошта, мепиндоштанд, ки ҷазираи Родос дар миёни баҳри нопайдоканор аз шарофати ин худо падид омада, таҳти ҳимояту пуштибонии ҳамешагии вай қарор дорад.
Мардуми озодманиш ва тиҷоратпешаи Родос на танҳо ба мамлакатҳои канори баҳри Миёназамин, балки тавассути Баҳри Сурх, дарёҳои Нил, Даҷла ва Фурот ба Мисру Арабистон, каноракҳои сарзамини Ҳинд ва кишварҳои Африқо рафтуо доштанд. Тоҷирону киштирони ин диёр баъди бозгаштан аз ҳар сафар аҷоиботу ғароиботи дар тӯли роҳ дидаашонро нақл намуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё