Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

қудсиёнае ҳукмфармо буд, кас гузашта вориди маъбади мӯҳташаму барҳаво мешуду муҷассамаи бузурги Зевс аз пешорӯ падидор мегашт. Ба назар чунин менамуд, ки дар симои Зевс баробари шукӯҳу салобати кудсиёна ҳусну назокати башарӣ ва меҳру шафқати оддию заминии одамӣ ба ҷилва омадааст. Муҷассамаи Зевс 18м баландии дошта, дар назар сари он қариб ба сақфи маъбад мерасид. Дар маъбади беравзану тиреза табиист, ки барои зуҳури муҷассама равшанӣ набуд, Фидий ин мушкилотро бо ақли даҳонаи хеш дарёфт. Ӯ аз боми сақф силсилаи равзанаҳои ноаён кушод, ки равшаниро дар тӯли рӯз баробар пароканда, тарҳи андоми Зевсро то хурдтарин ҷузваш намудор мекард. Зевси таҳамтан бар рӯи тахти зарандуд орамида, дар кафи дасти рост ҳайкали олиҳа Никаро медошт. Болҳои паҳни олиҳа аз парвози навбатии рӯҳу тавони Зевс башорате буд. Дасти чапи Зевс дар такяи асои бузург, ки куббааш сари уқобро мемонд, қарор дошта, дар пеши пояш ду шери таҳамтан хуфта буданд. Пероҳани тиллорангаш аз тан лағжида, рӯи зонувонаш мехобид. Сар, пайкар, андом, дасту по ва ҷузъҳои урёни тани Зевс ва Ника аз устухони фил ва либосу тоҷи зарандуд, попӯшӣ ва дигар лавозимоташ аз тиллои холис буд. Тахти Зевс аз чӯби обнус, устухони фил ва сангҳои гаронбаҳову тилло сохта ва хотамкорӣ шуда буд.

Муҷассамаи Зевс.

пешина
аз 84
навбатӣ