Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан
  1. МУҶАССАМАИ ЗЕВС

Манзараи шаҳри Афинаи қадим.

Он бегоҳ саррӯҳонии Афина ба маъбади Парфенон бе ягон пайғому хабари пешакӣ омад. Фидий, ки ҳамроҳи шогирдонаш Кресилай ва Алкамен лавҳаҳои охирини муҷассамаи Афинаро анҷом медод, аз ташрифи ногаҳонии саррӯҳонӣ дар ғафлат монд. Рӯи муҷассама кушода буд ва нигоҳи кунҷковонаи пири рӯҳониёни Афина дар тани ҳайкали зарандуд мелаҷҳид. Дили Фидий аз ин нигоҳи сарди бериё кебид, пай бурд, ки пешомади ногуворе ӯро чашмдор аст.

Ногуфта намонад, ки дар ин айём Перикл пешвои демократҳо ва пуштибони халқи оддию заҳматкаш буда, дар миёни доираи аристократҳо ва ашрофони соҳибнуфузи шаҳри Афина душманони зиёде дошт. Алалхусус ҳарифи деринаи ӯ пешвои аристократҳо Ки- мон ва домодаш Фукидид аз муборизаи ошкоро бурдан бар зидди ӯ ҳаросида, бо ҳар восита мехостанд, ки дӯстону муқаррабони ӯро бадном созанд. Аз қазо дӯсти наздики Перикл – Фидий, ки сарва- рии сохтмони маъбади Парфенони Афина ва тарошидани ҳайкали олиҳаро бар дӯш дошт, ҳадафи тири навбатии онҳо қарор гирифт.

Аслан, ба лоиҳа гирифтану сохтани Маъбади Парфенонро аз рӯи супориши Шӯрои шаҳри Афина соли 447 то мелод меъморони варзида

пешина
аз 84
навбатӣ