Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

мешуд. Ҳиммат-ого дар дигар ҷо менишаст ва ҳалтааш қариб холӣ буд. Қариб ҳамаашро фурӯхта буд. Ба ҳар ҳол ба онҳо ҳам расиду ба чанд рафиқи дигарашон ҳам. Аммо чанд истакони боқимондаашро Ҳиммат-ого гур-гуркунон бепул ба бачаҳо дод.

— Ҳа, йигитҳо! Ҳа, ҷавонмардон! Ба Ҳиммати пир мадад кардед! Вагарна то бегоҳ ин ҷо менишастам...

Не, бачаҳо то бегоҳ давутоз карданд, ҳатто Пӯлод боре савори асп ҳам шуд... аспи ки хеле саркашу беқарор буд ва оҳани лаҷомро бесаброна мехонд. Ва ҷашни ҳам хуш гузашт, мисли ҷашнҳои Гочук. Танҳо одамони бегонааш зиёд буданд. Агар падараш дар паҳлӯяш мебуд, давида ҳарфе намезаду ҳар чӣ мехост ӯ гирифта медод. Ваҳ чӣ хуб мебуд, агар падараш дар паҳлӯяш мебуд. Дар паҳлӯи мӯсафедон истода зӯрии паҳлавононро дидан чӣ кайфияте дорад. Чӣ хуб аст, вақте онҳо сари пиёлаи чой аз ҳар мавзӯъ қисса мекунанд. Боз зери ҳамин офтоби нарму рӯшани тирамоҳ...

Саҳари рӯзи дуюми ҷашн Холбика ба хона даромаду ба соҳибхонаҳо салом дода дар поғаҳи дар рост истода гуфт, ки бегоҳ Ҳиммат-огоро ҳабс карда ба шаҳр бурданд...

Ялқоп пиёлаи чояшро бесаросемагӣ нӯшиду айёрона пурсид:

— Чӣ? Инро ба ту кӣ гуфт?

— Тамоми деҳа аз ин хабар дорад, — нигоҳашро аз ӯ наканда гуфт Холбика. — Ҳама медонад, ба ҷуз ту...

— Чаро? — Саросема шуд Нортоҷ. — Ба гумонам ӯ одами бад нест-ку...

— Пирбӯз шояд ягон гапи ноҷо гуфтааст, — боз бо ҳамон айёрӣ гуфт Ялқоп. Рӯи дарози ӯ пажмурда менамуд ва чунон дер ба хона омада буд, ки аллакай Пӯлоду Илхон хоб буданд. — Раис борҳо ба ӯ фаҳмонда буд, ки забонашро нигоҳ дорад... Ба ин касе гунаҳкор нест.

— Касе гунаҳкор нест? — гуфт Холбика ва дарро аз ҳарвақтааш сахттар пӯшида баромад.

— Хайр, чӣ шудааст? — фаҳмидан мехост Нортоҷи баизтиробомада.

— Ту ягон чиро мефаҳмӣ?

— Э, ман чизеро намедонам, гум шав, — бо ҷаҳл

пешина
аз 328
навбатӣ