Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ҳамавулҳо сахтию хурсандиҳои онҳо гап заданд. Лаҳзае ба фикр фурӯ рафта боз ба ёд меоварданд, ояндаи колхозро тасаввур менамуданд. Баногаҳ қиёфаи Еламон намуди ҷиддӣ гирифту оҳанги гуфтораш низ тағйир ёфт.
— Раҷаб, ман туро бениҳоят дӯст медораму эҳтиром мекунам. Аз ҳамин хотир даъват намудам, ки ду ба ду гуфтугӯ кунем...
— Бо мақсад чег задам гӯй! — сухани ӯро бурид Раҷаб то ки пешакӣ эътирозашро нишон диҳад.
Еламон умуман ҳилаву найранг, духӯрагӯиро одат надошт, ҳоло ҳам ки бошад каме сархуш аз арақ бепарда сухан мекард:
— Ҳа, бе мақсад не, албатта!
— Хуб,— гуфт Еламон дурустар нишаста, — Калӣ гӯй, дӯсти дерин, гапу калочаҳои дар деҳа паҳншуда дурустанд?
— Магар овозаҳо дуруст буда метавонанд?
— Овоза не, Раҷаб, он чӣ ки одамон дар бораи ту мегӯянд? Мақолеро шунидаӣ? Бигӯ, рӯирост бигӯ, Еламон чӣ мақсад дорӣ?
— Хайр... Овоза ҳаст, ки гӯё ту аз занат ҷудо мешудаӣ. Магар ин рост аст?
Аз шунидани ин сухан Раҷаб аз ҷой ҷунбид: «Ана гапу мана гап... Омад ба сарам ҳамон ки метарсидам!» Ба чунин савол рӯирост бояд ҷавоб дод:
— Ҳа, ҳамин хел, Еламон.
— Сабаб, барои чӣ?
— Магар пурсидани номуросоӣ миёни зану шавҳар аз рӯи одоб аст?
— Вақте ки чунин нобарорӣ дар оилаи туст ман наметавонам хомӯш монам,— ин бор овози Еламон қатъияти бештар гирифта буд.— Ман бояд донам ки моҷаро дар оилаи ту бо чӣ сабаб бархостааст.
Чун сару даҳони Еламон аз асари арақ тасфида буд, бештару баландтар, ба Раҷаб навбат надода сухан мекард.
— Ҳаёт, бародар, бозича нест. Ту бояд онро нағз фаҳмӣ. Гумон мекунӣ, ки зани табъи дил ёфтан кори осон аст? Худӣ ҳамсари неку накӯ дорӣ, фикр мекунӣ тамоми духтарони дунё чунинанд. На, ҳаргиз чунин нест. Ана, Язмурод бе пой ба хонаи сарду холӣ баргашт. Занаш Аннагул фурсати ба фронт расидани эшалони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё