Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
карда, бо як фарахмандӣ ба худ мегӯяд, ки то метавонад, низ лоиқи эҳтиром гардад пайваста дар паи суботкорӣ ва некномиву инсонпарварӣ бошад. Зеро аз фарзанди одамизод аввало номи неку кори нек мемонад.
Аммо мебояд тазаккур дод, ки расидан ба ин гуна эътибор чандон осон нест. Номи неку кори нек дар натиҷаи кӯшишу заҳмат аст... Шахсе, ки ҳамин ҳақиқатро дар мағзи дилу ҷонаш ҷой дода, ба хизмати халқ камар мебандад, ҳатман гули сари сабади ҷамъият мешавад. (120 калима)
Саттор Турсун
32
Сифатҳоро аз матн ёбед.
ДАР МЕҲМОНИ
Кам ё беш даҳ рӯз боз ман дар Деҳнавам. Дар меҳмонхонаи хурдакак, аммо озодаи як хоҷагии номдори ҳамин музофот, ки дар миёни боғи бисёр калони пуршукӯҳ воқеъ гардидааст, то ҳадде хотирҷамъ зиндагӣ карда, кам-кам менависам. Гоҳо ба се-чор нафар рафиқони инҷой, хоса ба имрӯза ҳокими Деҳнав - дӯсти бачагиам Бароталӣ Олимов вохӯрда, ҳатталимкон занги дил мешӯям. Шабҳо телевизор мебинам, китоб мехонам, аз ҳар дар ба хаёл меравам. Гӯё чандон эътибор надоранд ин ҳама — рӯзҳои муқаррарӣ дар ҳаёти як одами оддӣ...
Лекин он қадар муқаррарӣ нестанд. Чаро ки тағйири муҳит ғолибан ба кас асари хуб дорад. Оби дигар менӯшӣ, аз ҳавои дигар нафас мегирӣ, ба нафарони дигар вомехӯрӣ. Алалхусус мулоқот бо ошноҳои дерин, ки кайҳо боз надидай, худ як давлати бузург аст. (118 калима)
Саттор Турсун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё