Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
мешавад, ки аз он ҳама одамон, ҳам ҷонварон ва ҳам мургон ба хуруш меоянд, маст мешаванд.
Фасли баҳор дар қишлоқи Лолазор боз ҳам зеботар ва дилработар ҷилвагар мегардад. Зеро ки он дар доманаи кӯҳ ва дар канори водии зарҳезе воқеъ гашта, аз як тарафаш дарёчаи кӯҳӣ ва аз дигар тарафаш сой мегузарад. Зимистони он серборишт бошад ҳам, вале баҳораш тароватафзост. Аввали баҳор дару бом ва ҳамаи атроф лолапӯш мегардад. Дар шохи дарахтони анбӯҳи ин қишлоқ мургакони бисёре нағмасарой мекунанд. Булбулони сармаст тамоми шаб ва аз аввали рӯз чаҳ-чаҳ мезананд... Ин қишлоқ боғҳои калон ва мевазорҳо дорад, обҳои бисёре зебу зинати атрофаш гаштаанд. (146 калима)
Ҷалол Икромӣ
30
Хабар ва пуркунандаҳои матнро муайян кунед.
КИТОБ
Китобро барҳақ манбаи илму дониш, сарчашмаи хирадмандӣ, асоси маданияти миллӣ ва пояи тамаддуни ҷаҳонӣ мегӯянд. Фарҳанги инсонӣ, албатта, танҳо аз китоб иборат нест. Он ғайри аз китоб дину оин, хату алифбо, меъморӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Илмҳои гуногун, адабиёту таърих ҳам маданиятро ташкил медиҳанд. Лекин асоси ҳамаи намудҳои маданият китоб мебошад. Агар бо мурури замон, дар натиҷаи гармову сармо, ҷангу ҷидолҳо, офатҳои табиӣ, сӯхторҳо ҳама намудҳои маданият аз байн раваду лекин китоб боқӣ монад, ба фарҳанг зарар намерасад. Чунки наслҳои оянда дар натиҷаи ковишҳои археологӣ он китобҳоро пайдо карда, онҳоро мутолиа намуда, дар бораи тамаддуни як вақтҳо гумномшуда хабардор мешаванд. Агар китобҳо аз байн раванд, дар бораи он маданиятҳои қадимӣ касе хабардор шуда наметавонад ва ё аз онҳо танҳо ном мемонад, бас. Барои ҳамин асоси дониш, ба қавли шоири шаҳири форсу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё