Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Матнро хонед ва амалҳои онро муайян кунед.

ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна ҷойгир шуда, аз шимолу ғарб бо Ӯзбекистону Қирғизистон, аз шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамҳудуд мебошад. Масоҳати Тоҷикистон 143 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии он беш аз 6 миллион мебошад. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе буда, дар он тоҷикон, ӯзбекон, русҳо, украинҳо, тоторҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва ғайра сукунат доранд.

Тоҷикистон аз се вилоят иборат аст: Суғд, Хатлон ва ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон). Ҳафт дар сади замини Тоҷикистон ҳамвор аст. Наваду се фисади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

Иқлими Тоҷикистон форам буда, баҳору тобистони гарм ва тирамоҳу зимистони нарм дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст. Ҳар сол 9 сентябр ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии он ҷашн гирифта мешавад... (122 калима)

Халифабобо Ҷумъазода

Матнро нависед, ба зери мубтадо ва хабари он хат кашед.

ДУ ХОҲИШ

Марде ду духтар дошт, ки ҳардуяш арӯсӣ шуда буд. Як духтари ӯ хонуми* боғбоне буд ва духтари дуюмаш хонуми хиштмоле*. Ин мард баъди чанде ба хонаи он духтараш, ки хонуми боғбоне буд, рафт. Вақте аз вазъи зиндагии духтараш ҷӯё шуд, духтараш гуфт:

пешина
аз 275
навбатӣ