Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухорӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад. Як тоҷик барои фаҳмидани баъзе луғатҳои аз форсии қадим гирифташудаи Фирдавсӣ ба чӣ душворӣ афтад, як эронӣ ҳам барои фаҳмидани онҳо ҳамон қадар душворӣ мекашад.
Инҳо, ки гуфта шуд, нисбат ба адабиёти куҳна, адабиёти манзуми имрӯзаи эрониён ва тоҷикон ва забони авоми Эрон ва тоҷикон аст. Аммо агар ба сари забони нашри матбуоти имрӯзаи Эрон биёем, масъала ранги дигар мегирад. Зеро забони нашри матбуоти имрӯзаи Эрон 60-70 фоиз ба арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст, ки гумон намекунам онҳоро ҳар эронии саводнок ҳам бифаҳмад. Ман шахсан ба кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони форсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва чунин кор фармудани истилоҳҳои илмӣ-арабиро, ки аз имрӯза форсӣ ё тоҷикӣ ба ҷои онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараҷа, ки аз забони форсӣ танҳо адот боқӣ монад, ё баъзе суханҳои дар форсӣ ҳазмшудаи арабиро ба қоидаи араб ҷамъ карда, хонандагонро ба кофтукови луғат ва сарфу наҳви арабӣ маҷбур кунад. (210 калима)
Садриддин Айнӣ
13
Зарфҳои матнро аз ҷиҳати таркиб шарҳ диҳед.
ҲИКОЯТ
Товусу зоге дар саҳни боғе фароҳам расиданд ва айбу ҳунари якдигарро диданд. Товус ба зог гуфт:
Ин мӯзаи сурх, ки дар пойи туст, лоиқи атласи заркаш ва дебои мунаққаши ман аст. Ҳамоно, дар он вақт ки шаби торики адам* ба рӯзи равшани вуҷуд меомадем, дар пӯшидани мӯза ғалат кардаем: ман мӯзаи кемухти сиёҳи туро пӯшидаам ва ту мӯзаи адими* сурхи маро.
Зог гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё