Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

шумо» ва амсоли инҳо. Ин мақсад дар сурате муяссар мегардад, ки мо на саломи хушку холии муҷаррад диҳем, балки онро ба нишонии касе нигаронем, яъне «ассалому алайкум» ё «салом алайкум»-ро ба забон гирем. Дар ин маврид калимаи «салом» тавассути ҷузъи дигари илова — аломати муайянии «ал»-и арабӣ, пешоянди «ала» (ба, бар) ва ҷонишини «кум» (шумо) нишонии муайян пайдо карда, ба шахс ё шахсони мушаххаси вохӯрда ниронида мешавад.
(236 калима)

Музаффар Олимов

4 Сифатҳои матнро ёфта, ба чӣ вобаста шудани онҳоро шарҳ диҳед.

ВАТАН – МОДАР

Ватан ҳамчун монандӣ модар аз фарзанди худ дар муқобили он тарбияҳое, ки ӯро кардааст ва муносиби он ёриҳое, ки ба ӯ расонидааст, дар ҳаққи худ ҳимоят, хизмат ва фармонбардорӣ талаб мекунад. Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, Ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад ва ба ӯ хизмат менамояд ва дар роҳи ӯ аз фидо кардани ҷони худ ҳам боз намеистад. Чунки ӯ ҳамаи чиз, ҳатто ҳастии худро аз Ватани худ ёфтааст ва худро дар вай подшоҳ гуфта ҳис кардааст. Агар аз даст равад, ӯ дар он ҷо шаҳрванди оддӣ ҳам шуда намемонад, балки дар дасти ғосибони истилогари ғулом ва асир шуда мемонад.

Ӯ дар зери пои бегонагони бадкирдор поймол шудан ва таҳқир ёфтани ёдгориҳои бобою аҷдоди худро дида, азоб ва алам мекашад. Ӯ дар дасти истилогарони бераҳм кушта шудан, ё ин ки ғулом, канизак гардидан ва таҳқир дидани фарзандони худ, падар ва модари худ, ҳамширагон ва хоҳарони худро ба чашми худ дида, рӯзе ҳазор бор ба худ марг талаб мекунад ва мурдан мехоҳад, лекин мурдан ба ӯ муяссар намешавад, чунки душман барои ғуломвор дар каторға* ӯро кор фармудан ба мурдани ӯ роҳ намедиҳад ва ҳамаи асбоби худкуширо аз дасти ӯ меситонад.

пешина
аз 275
навбатӣ