Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шодибек Қурбонов
муовини директори генералии ҳудудҳои
табиии махсус муҳофизатшавандаи
«Парки миллии Тоҷикистон»

МАРДИ НАКУНОМ

Ҳамин, ки дар соҳаи хоҷагии ҷангал, таърихи он номи собиқадоронро ба забон гиранд, аввал аз акаи Маҳкам Ҷӯраев ёдовар мешаванд. Ба поси хидмати чиҳилсолааш хоҷагии ҷангали Қамчинро бо номи ӯ мепайванданд.

Дар ҳақиқат Маҳкам Ҷӯраев поягузор, бунёдгари хоҷагии ҷангали Қамчин аст гӯем, хато намешавад.

Маҳз дар давоми фаъолияти бенуқсон ва заҳмату талошҳои ӯ баринҳо соҳаи ҷангал тараққӣ кард. Тӯли ин солҳо вай аз коргари оддӣ ба дараҷаи сарҷангалпарвар омада расидааст.

Ҳар гоҳе, ки дар хоҷагии ҷангал маъракаи кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ё дигар корҳои ободонӣ сурат гиранд, сараввал Маҳкам Ҷӯраев ҳозир мешавад. Ӯ пешсафиро аз даст надода, супоришҳоро сари вақт иҷро карда, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Кас ба гирумон, рафтору муносибати наҷиби
акаи Маҳкам шинос шуда, даррав дармеёбад, ки

пешина
аз 82
навбатӣ