Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
собиқадорони меҳнат, онҳое, ки дар бунёду тараққии хоҷагии ҷангали Қамчин саҳм гузоштаанд, ёдовар шавад, албатта дар қатори дигарҳо номи Ҳаким Раҳмоновро бо эҳтиром ба забон мегирад.
Ҳаким Раҳмонов, - гуфт акаи Маҳкам, - яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ солиёни зиёде дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кору фаъолият дошта солҳои 1988 – 1993 роҳбарии хоҷагии ҷангали Қамчинро ба уҳда доштанд. Тӯли ин солҳо, - суханашро идома дода мегӯяд Маҳкам Ҷӯраев, - пири кор Ҳаким Раҳмонов аз худ нақши нек ба ёдгор гузоштаанд. Агар ба ҳаёту фаъолияти вай аз наздик шинос шудан хоҳед, метавонед аз китобаш, ки соли 2002 бо номи «Роҳ бо дарозии 73 сол» ба табъ расидааст, шинос шавед.
Ман бо ҳидояти акаи Маҳкам бо китоби хотираҳои ин марди фидоӣ, иззаткардаи халқ аз наздик шинос шудам. Дар ин китоб Ҳаким Раҳмонов аз гузаштаи умр, солҳои ҷавонӣ, фаъолияти серҷабҳаи корӣ, ҳизбӣ ётоварӣ карда ҳамзамон дар бораи хоҷагии ҷангали Қамчин нигоштааст:
"Хоҷагии ҷангали Қамчин" ҳанӯз солҳои 50-60 - уми асри гузашта ташкил шудааст. Ҳамон давра аз ҷониби Шӯрои Вазирон барои эҳёи ҷангал 1100 гектар замин ҷудо карданд. Дар ташкилу ба боғу бӯстон, чаманзор табдил додани хоҷагии ҷангали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё