Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Шамшери кўтоҳ ба дасти диловарон дароз гардад.
Унсурулмаолии Кайковус
Зи душман кай ҳазар ҷўяд ҳунарҷўй?!
Зи дарё кай бипарҳезад гуҳарҷўй?!
Фахриддини Гургонӣ
Гарам сангосиё бар сар бигардад,
Дил он дил нест, к-аз дилбар бигардад.
Низомии Ганҷавӣ
То накунӣ ҷои қадам устувор,
Пой манеҳ дар талаби ҳеч кор!
Низомии Ганҷавӣ
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди ҳисоли хештан бош!
Низомии Ганҷавӣ
Дар ҷаҳон, донӣ, кӣ гардад муътабар?
Он, ки ўро бок набвад аз хатар.
Фаридуддини Аттор
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дўст бувад Ҳотами Той!
Саъдии Шерозӣ
Касе устуворӣ на кораш бувад,
Ҳама кор ноустувораш бувад.
Гаронсанг бояд чу пўлод гашт,
Хас аст он, ки бозичаи бод гашт.
Хусрави Деҳлавӣ
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ!
Бадриддини Ҳилолӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё