Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рафиқи аҳли ғафлат ҳар касӣ, аз кор мемонад, Чу пое хуфт, пои дигар аз рафтор мемонад.


Дар миёни дўстон масрур бош, Гар хирад дорӣ, зи душман дур бош!


Бо касе ошно намегардам,
Чун шудам ошно, намегардам.


Итоби дўст хуш бошад, валекин Мар онро низ поёне бибояд.


Дўстиро чунин касе бояд,
Ки аз ў кори баста бикшояд.


Ҳазор аз баҳри май хўрдан бувад ёр, Якеро баҳри ғам хўрдан нигаҳ дор!


Ҳар ки дўсти беайб ҷўяд, дўсташ ғам бувад ва ҳар ки ба дўст баҳри хитобе итобе кунад, душманаш бисёр бошад ва ҳар ки аз дўстон чашм андозад, ки дар таҳсили фавоид ўро бар нафси худ муқаддам доранд, пайваста ранҷур бошад.


Ёрию дўстӣ бо ёрони мувофиқ ва дўстони содиқ кун, ки дўстии дўстони кисаву коса ва ёрии ёрони пиёлаву наволаро бақое набошад.


Аҳмақ касест, ки дўст надошта бошад, аҳмақтар аз вай касест, ки дўсташро аз даст бидиҳад.


Нишони дўсти содиқ чист?! Он ки дар некӣ ёрии ту кунад ва аз бадӣ туро монеъ ояду боздорад.


Аз ҳакиме пурсиданд, ки «бародар беҳтар аст ё ёр?»
Гуфт: «Бародар, агар ёр бошад».

пешина
аз 331
навбатӣ