Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Гар ҳунаре дорию ҳафтод айб,
Дўст набинад ба ҷуз он як ҳунар.
Саъдии Шерозӣ
Агар муроди насиҳаткунони мо ин аст,
Ки тарки дўст бигўям, тасаввурест муҳол.
Саъдии Шерозӣ
Ҳазор захми паёпай гар иттифоқ афтад
Зи дасти дўст, нашояд, ки интиқом кунанд.
Саъдии Шерозӣ
Ҷудоӣ то наяфтад, дўст қадри дўст кай донад?
Шикастаустухон донад баҳои мумиёиро.
Саъдии Шерозӣ
Аз дасти дўст ҳар чи ситонӣ, шакар бувад,
В-аз дасти ғайри дўст табарзад табар бувад.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки бо душманон сулҳ кунад, сари озори дўстон дорад.
Бишўй, эй хирадманд, аз он дўст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.
Саъдии Шерозӣ
Дўсти ҳақиқӣ он аст, ки айби туро бар рўи ту бигўяд,
то душворат ояду аз он бигардӣ ва аз қафои ту бипўшад,
то бадном нашавӣ.
Саъдии Шерозӣ
Яке дўстеро, ки замонҳо надида буд, гуфт: «Куҷоӣ, ки муштоқ будам?» Гуфт: «Муштоқӣ беҳ, ки малўлӣ».
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё