Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Олими бекор наёбад баре,
Гарчи ба сад ҳила барорад саре.
Хусрави Деҳлавӣ
Хирадманд кўшад, к-аз оташ раҳад,
На худро ба сўзанда оташ диҳад.
Рукниддини Авҳадӣ
Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад.
Ҳофизи Шерозӣ
Чист зарри ноб? Рангин гашта хоке з-Офтоб.
Ҳар ки кард афсар зи зарри ноб, хокаш бар сар аст.
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ў шаҳи баҳру бар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бад-ин нукта донову бихрад шудам,
Ки доно ба нодонии худ шудам.
Бигўям надонам, ки ин эътироф
Зи доноии худ бувад маҳзи лоф.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар нукта, к-ояд аз лабу дандон, чу гавҳар аст,
Хуш он, ки сохт ганҷи гуҳар дурҷи синаро.
Донодил аз ҷавоҳири ҳикмат хазинаест,
Аз хештан мадор ҷудо ин хазинаро!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамон беҳ, ки нодон ба доно равад,
Ки аз донишаш кор боло равад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Доно сухани хулоса гўяд,
Озори даруни худ наҷўяд.
Шоҳини Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё