Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мулло шудан чӣ осон,
Одам шудан чӣ мушкил.


Одамӣ ба сират аст, на ба сурат, инсоният ба камол аст, на ба ҷамол.


Инсоният ба сурат нест, бо сафост.


Одам аз санг сахттар, аз гул нозуктар аст.


Мардум аз мардум камол ёбад.


Одам бо умед зинда бошад.


Одам ба одам хуш аст.


Қавитари мардум он бошад, ки ба таскини хашм қудрат дорад.


Одам ба одам ғанимат аст.


Ҳар киро виҷдон нест, инсон нест.

  1. ОЛИМӢ ВА ДОНОӢ

Бад-он кўш, то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар аст он, ки донотар аст.
Абўшакури Балхӣ

Хирадманд гўяд, ки марди хирад
Ба ҳангоми хеш андарун бингарад.
Шавад некӣ афзун, чу афзун шавад,
В-аз оҳўи бад пок берун шавад.
Абўшакури Балхӣ
Аз хотири пурилм сухан н-ояд ҷуз хуб,
Аз поксабў пок бурун ояд оғор.
Носири Хусрав

Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ў равшан шавад,
Мард чун доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.
Носири Хусрав

Ҳама аз Одамем мо, лекин
Ў гиромитар аст, к-ў доност.
Масъуди Саъди Салмон

Ғўл бошад, на олим он, ки аз ў
Бишнавӣ гуфтугў нангарӣ кирдор.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илмхон ҳамчун илмдор набувад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Доно беҳ агар наёварад ёд
З-он ғам, ки мухолифаш шавад шод.
Низомии Ганҷавӣ

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гўяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷўяд.
Саъдии Шерозӣ

Марди хирадманди ҳунарпешаро
Умр ду боист дар ин рўзгор,
То бо яке таҷриба омўхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.
Саъдии Шерозӣ

Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш,
На сустӣ, ки нозил кунад қадри хеш!

пешина
аз 331
навбатӣ