Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Некӣ кун, агар туро дастрас аст,
К-ин олам ёдгори бисёр кас аст .
Абдулмаҷди Саноӣ

Роҳати мардум талаб! Озор чист?
Ҷуз хиҷолат ҳосили ин кор чист?
Рўзи неъмат гар ту пардозӣ ба кас,
Рўзи меҳнат бошадат фарёдрас.
Фаридуддини Аттор

То ту бошӣ дар замона додгар,
Зердастонро накў дор, эй писар!
Фаридуддини Аттор

Гар ҳамехоҳӣ, ки бошӣ дар амон,
Рав, накўӣ кун ту бар халқи ҷаҳон!
Фаридуддини Аттор

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,
Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун!
Фаридуддини Аттор

Накўӣ бар бадон кардан вубол аст,
Надонанд ин сухан ҷуз ҳушмандон.
Зи баҳри он, ки бо гургон накўӣ
Бадӣ бошад ба ҳоли гўсфандон.
Саъдии Шерозӣ

Мукофоти бадӣ кардан ҳалол аст,
Чу беҷурм аз касе озурда бошӣ.
Бадӣ бо ў раво бошад, валекин
Накўӣ кун, ки бо худ карда бошӣ!
Саъдии Шерозӣ

Нахоҳӣ, ки бошӣ парокандадил,
Парокандагонро зи хотир маҳил!
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ