Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зареро, ки дар гўр кардӣ ба зўр,
Чу гўрат кунад, сар барорад зи гўр.
Хусрави Деҳлавӣ
Касе, к-ўро ҳавас дар ҷамъи мол аст,
Нишони ростӣ дар вай муҳол аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Чӣ бояд давлати дунё сутудан,
Ки ҷуз бо ҷоҳилонаш нест пайванд.
Ту меҳнатро ситоиш кун ҳама сол,
Ки ҳаргиз дур набвад аз хирадманд.
Хусрави Деҳлавӣ
Зар ҳар чи ки бештар, бало беш.
Хусрави Деҳлавӣ
Чун зи ганҷи худат насибе нест,
Ту мар он ганҷро нигаҳбонӣ.
Ибни Ямин
Моли ту доди душманат бидҳад,
Гар ту з-ў доди дўст настонӣ.
Ибни Ямин
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мисоли абри гузарон.
Абри гузарон агарчи гавҳар борад,
Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба назди марди доно неъмат он аст,
К-аз ў ҷонаш бувад ҷовид масрур.
Зи симу зар, ки чун гўрат бувад ҷой,
Бимонад ҳамчу санге бар сари гўр.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ