Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-он ки дар баҳр ғўта менахурад,
Силки дурру гуҳар куҷо ёбад?
В-он ки паҳлу тиҳӣ кунад аз кон,
Суфраи симу зар куҷо ёбад!

Гар ҳунарманд гўшагир бувад,
Коми дил аз ҳунар куҷо ёбад?
Боз, к-аз ошёнаи бурун напарад,
Бар шикоре зафар куҷо ёбад?
Ибни Ямин

Эй писар, н-озмуда ранҷи сафар,
Натавон ёфт раҳ ба ганҷи ватан!


Пурдида–пурдон, нодида-нодон.


Аввал ҳамроҳ, баъдан роҳ.


Сафар–устоди ҳар ҳунар.


Сафар кардан–ҷаҳон дидан.


Сафар мураббии мард аст.

55.НАҚД

Фирефтатар аз он кас набувад, ки ёфта ба ноёфта диҳад.
Унсурулмаолии Кайковус

Беҳ аз турби пухта бувад мурғи лоғар,
Беҳ аз коҳ уд, арчи баддуд бошад.
Носири Хусрав

Ба нася мадеҳ нақд, агарчанд низ
Ба хурмо бувад ваъдаю нақд хор.
Носири Хусрав
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.
Умари Хайём

Нақде зи ҳазор нася беҳтар бошад.
Умари Хайём

Нақдро аз нася хезад нестӣ.
Ҷалолиддини Румӣ

Нақде, ки қадр бахшад, чи қалбу чи роиҷ.
Афзалиддин Ҳоқонӣ

Дар биёбон фақири гуруснаро
Шалғами пухта беҳ, ки нуқраи хом.
Саъдии Шерозӣ

Гунҷишке ба даст аст беҳ аз бози парида.
Саъдии Шерозӣ

Нақди худро ба дасти кас маспор,
Ки пушаймон шавӣ дар охир кор.
Рукниддини Авҳадӣ

Нақди имрўзаро мадеҳ аз даст,
Дӣ гузашту умеди фардо нест.
Ибни Ямин

Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор,
Ту ғанимат шумар ин сояи беди лаби кишт.
Ҳофизи Шерозӣ

Ман, ки имрўзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?!
Ҳофизи Шерозӣ

Ба пеши нақди ҷон гавҳар чӣ бошад?
Туфайли дўст бошад, ҳар чи бошад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ