Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Саъдии Шерозӣ
Войи шубоне, ки кунад кори гург,
Ҳамчу саги зард шавад ёри гург.
Абдураҳмони Ҷомӣ
То нагардӣ пеши мардум шармсор,
Он чи худ нанҳода бошӣ, бармадор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Лозим набувад дуздӣ бо сад найранг,
Аз баҳри замони пирӣ ё мавқеи танг.
Сармоя ба сандуқи умумӣ бояд,
То пиру ҷавон хуранд рўзи якранг.
Абулқосим Лоҳутӣ
Барбод равад, ҳар он чи аз бод ояд.
Тухмдузд шутурдузд мешавад.
Хиёнатгар саломат намемонад.
13.ФИТНА ВА КИНА
Ҳар он кина, к-аз дил бувад хоста,
Набинад-ш ҳаргиз касе коста.
Абўшакури Балхӣ
Зи баски оташи фитна ба дил барафрўзӣ,
Сиёҳрўю ғализӣ чу факзи оташдон.
Абўмансури Дақиқӣ
Дили хеш агар дур дорӣ зи кин,
Меҳону кеҳонат кунанд офарин.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар хоҳӣ, ки камдўст набошӣ, кина мадор!
Унсурулмаолии Кайковус
Напайванданд бо ҳам меҳру кина,
Чу кин оҳан бувад, меҳр обгина.
Фахриддини Гургонӣ
Дил зи ғаллу ғаш ҳамеша пок дор,
То тавонӣ, кина дар сина мадор!
Фаридуддини Аттор
Сияҳчолу мард андар ў бастапой
Беҳ аз фитна аз ҷой бурдан ба ҷой.
Саъдии Шерозӣ
Миёни ду тан оташ афрўхтан
На ақл асту худ дар миён сўхтан!
Саъдии Шерозӣ
Кин аз ҳама кас фитнасамар мебошад,
Лек аз уқало тундасар мебошад.
Он дуд, ки аз чароғи равшан хезад,
Аз ҳар дуде сиёҳтар мебошад.
Абдулқодири Бедил
Чароғи кинаро афрўхтан нест,
Фурўғаш як қалам ҷуз сўхтан нест.
Абдулқодири Бедил
Шарори кина ҳар ҷо шуълакор аст,
Агар куҳсор бошад, пунбазор аст.
Абдулқодири Бедил
Ҷаҳонсўз аст барқи кина, ҳуш дор,
Мабодо домани кас гирад ин хор!
Абдулқодири Бедил
Дар миёни ду кас душманӣ маяфкан, ки эшон чун сулҳ кунанд, ту дар миёна шармсор бошӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё