Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гарданамро ёзонда ба шербача назар кардам, чӣ фикр мекунед шумо? Ба шербача мӯрчаҳо часпида, равғани бадани ӯро мемакиданд. Дар ин дам ривояти аз муш тарсидани фил ва аз мӯрча оҷиз баромадани шер ба хотирам расид. Пай бурдам, ки шер аз ман мадад металабад.

Каме ба худ омада фикр кардам: «Агар бачаашро аз хатари мӯрчаҳо наҷот диҳам, шояд маро зинда сар диҳад?» Ин андешаи умедбахш ба ман қувват дод. Ман аз ҷоям хеста, ба назди шербача омада нишастам. Шери мода якзайл дандон ғиҷ намуда, аррос мезад, лекин шери нар ӯро ба ман наздик шудан намемонд. Он гоҳ ман тамоман ҷуръат пайдо карда, ба кор шурӯъ намудам. Ман дастамро ба об тар мекардаму мӯрчаҳоро аз бадани шербача як-як мегирифтам. Баъд аз он, ки тамоми мӯрчаҳоро аз бадани шербачаи навзод чида гирифтам, ӯро бо об шуста тоза кардам.

Шери нар пас аз он ки бачаашро аз назар гузаронида, ба тамоман нест карда шудани мӯрчаҳо боварӣ ҳосил намуд, маро боз ба пушташ партофта, ба ҳамон ҷои аввала, ба назди маркаб оварда монд. Маркаби лаънатӣ бошад, ҳоло ҳам аз тарс чор пояшро ба замин тиргак карда, истода буд.

Ҳамин ки шер аз назар ғоиб шуд, ман маркабро чӯбкорӣ карда, тезтар аз беша баромадам.

Пас аз ин қасам хӯрдам, ки дигар ҳаргиз ба маркаб савор намешавам. Хуб шуд, ки мошин фаровон гардиду маркаб ҳамчун воситаи нақлиёт аз байн баромада монд. Ба ҳар ҳол, ба ин муносибат ба хубии одам бо хубиӣ ҷавоб додани мири даррандаҳоро бо чашмони худ дидам ва ба мардию қадршиносии вай қоил шудам.

пешина
аз 349
навбатӣ