Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шикори сайд тамоми рӯзро дар беша мегузарондам. Ин беҳтарин машғулияти дилхушкунандаи ман буд. Як рӯз дар дилам ба шикор майлу хоҳиши зиёде пайдо шуд. Аспамро ба бонӣ монда будам ва онро ҳанӯз савор шудан мумкин набуд. «Чӣ бояд кард?» — мегуфтам худ ба худ ва тасодуфан ҳамсояро ҳам дида, ба ӯ рози дил баён кардам. — Ба маркаб савор шуда равед, — маслиҳат дод ӯ, — ҳафт авлодатон маркаб савор шуда мегаштанд, агар шумо ҳам як бор савор шавед, ҳеҷ ҷоятон кам намешавад... «Рост мегӯяд ҳамсоям, — гуфтам худ ба худ, — чаро як бор ба маркаб савор нашавам!» Ман розӣ шудам ва ҳамсоям маркабашро тукум карда бароварда дод. Одами ба аспсаворӣ одат кардагӣ гашти маркабро ҳеҷ гоҳ маъқул намедонад. Ҳанӯз як фарсанг роҳро тай накарда, роҳгардии он ба дилам зад. Лаънатӣ чунон суст роҳ мерафтааст, ки мондан гиред. Аз омаданам пушаймон шуда қариб буд, ки аз роҳ баргардам. Лекин табиати сайёдӣ ба ин кор роҳ надод: «Магар бе сайд баргаштан мумкин аст!».

пешина
аз 349
навбатӣ