Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Мо - ду нафар: ману духтарчам - Мунаввар. Ӯ нав чорсола шудааст ва бори аввал аст, ки ба саёҳати саҳро мебарояд. Вай ба ҳама чиз ҳавасаш меояд: ҳам ба гулҳо, ҳам ба паррандаҳо, ҳам ба кӯҳҳои дурдасте, ки аз ин ҷо ба назари ӯ шутур барин менамуданд.

Ҳар ду дасти Мунаввар пур аз гул, лекин вай бо ин қаноат намекунад. Вай аввалин гулҳои ба чашмаш вохӯрдаро кандан мегирад ва боз дигарашро меҷӯяд...

Мо ҳамин тавр соатеро дар саҳро бо гулчинӣ гузарондем. Акнун мебоист ба хона бармегаштем. Баногоҳ назари Мунаввар ба паррандаҷаҳои хурд-хурди хокистарранге афтод, ки онҳо бештар ба гунҷишк монандӣ доштанд. Мунаввар гулҳоро зуд ба замин партофта, аз пушти паррандаҷаҳо давид. Онҳо ҳанӯз парида наметавонистанд ва тез-тез по монда, ба ин сӯю он сӯ медавиданд.

Инҳо ҷӯҷаҳои кабк буданд. Ман дар як ҷо истода, ҳам ба Мунаввар, ҳам ба ҷӯҷаҳои кабк кунҷковона менигаристам ва табассум мекардам.

Мунаввар ҷӯҷаеро дошта гирифт, лекин дар ҳамин вақт дид, ки модари онҳо сохтакорона худро чӯлоқ карда, ғалтону хезон рафта истодааст, духтарам ҷӯҷаро сар доду худи кабкро доштанӣ шуд.

пешина
аз 349
навбатӣ