Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Одамон аз хурд сар карда то калон дар ҳар маврид якдигарро дастгирӣ мекунанд, ёрӣ мерасонанд. Аммо аз зоти паррандаҳо як ҷинс ба ҷинси дигар мадад расонданашро, ки ин чиз ҳеҷ гоҳ ба фикри ман наомада буд, дида дар ҳайрат мондам.

ҲОДИСА ДАР БЕША

Ман аз байни бешазоре гузашта мерафтам. Вақтам кам буд, мебоист дар ним соат панҷ километр масофаро тай намуда, ба деҳа мерасидам. Ба ҳеҷ чиз аҳамият намедодам, тез қадам мемондам, пешпо мехӯрдам.

Аз наздикӣ хандаи духтаре баланд шуд, ба атрофам назар кардам. Касе ба чашм нанамуд. Пас аз дақиқае боз қоҳ-қоҳ зада хандидани чанд кас ба гӯшам расид. Ба хотирам омад, ки одатан шаголон ҳамин хел баланд-баланд механданд ва даст афшонда боз ба роҳам рафтан гирифтам. Лекин ба ман ҳаминаш шубҳанок намуд, ки ду нафар баланд-баланд ва сеюмин паст-паст механдид ва ин ба хандаи шагол монанд набуд. Бинобар он ман ба тарафи чап гашта, баъд аз якчанд қадам ба майдончае баромада мондам.

Ба фикри Шумо кӣ механдидааст? Духтарчаи тахминан сеюним - чорсола дар рӯи алафзор ғел мезад, ду шагол аз ду тараф дам ба дам ӯро қитиқ мекарданд ва худ сарҳошонро боло бардошта баробари духтарча баланд-баланд механдиданд.

Ман ба сӯи духтарча давидам. Шаголҳо гурехта рафтанд. Духтарча бошад, аз ханда каб-кабуд шуда буд. Агар боз андаке дер мемондам, вай ҳалок мегардид.

пешина
аз 349
навбатӣ