Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
концерт намоиш медоданд. Вай инро аз бачагони гурӯҳи калонсоли боғча шунида буд. Мураббияи боғча аз ин гап-гапи бачагон хабардор шуда, пеш аз ба хонаҳояшон рафтани онҳо таъкид карда буд:
- Ба тамошо танҳо наравед!
- Ман меравам, - гуфт Райҳон ба мураббия.
- Худат танҳо?
- Ҳа.
- Не, - гуфт мураббия, ӯро гусел карда истода, - бо модарат рав, набушад ба тамошо намемонанд. Райҳон ин гуфтаҳои мураббияро ба хотир оварда, боз такрор кард:
- Ба концерт ҳамроҳ меравем?
- Ҳа, азизам, меравем, аммо ҳоло барвақт, - гуфт Тоҷихон ва бозичаи бисёреро ба пеши духтараш гузошта, худ барои ҷомашӯӣ берун баромад.
Райҳон дар хона хеле вақт бо бозичаҳо машғул шуд. Ниҳоят бозӣ ҳам ба дилаш зад ва аз ҷояш хеста ба берун баромад, атрофро аз назар гузаронд. Модараш либос мешуст, падараш, Аҳмадҷон, ки дар пойгоҳи барқ навбатдорӣ мекард, ҳанӯз наомада буд. Райҳон чӣ кор карданашро надониста, ба назди ҷӯйча омаду аз болои он ин тараф - он тараф ҷаҳидан гирифт.
Ногоҳ пои росташ ба об ғӯтида, кафши наваш тар шуд. Вай бо гӯшаи чашм ба модараш нигоҳ кард, ки ӯ ҳеҷ чизро надидааст, саросема ба хона даромада рафт ва кафшҳояшро кашида, ба як тараф гузошт ва ноилоҷ боз машғули зочабозӣ шуд.
Тоҷихон либосшӯиро ба охир расонда, ба Райҳон хӯрок дод. Вақти ба тамошо рафтан ҳам расид, вале Райҳон дар ин бора хомӯш буд.
- Ба тамошо намеравем? - пурсид Тоҷихон, вақте ки Райҳон хӯрокашро хӯрда шуд.
- Меравем, - ҷавоб дод Райҳон ва худашро ба оғӯши модараш партофта, ба ӯ гунаҳкорона нигоҳ кард. - Вай...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё