Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳозир куҷо рафта будӣ? - боз пурсид Меҳтар.

  • Ту довар не-ку, ин қадар гап мепурсӣ? - гуфт Иззат бо ғазаб. - Ҳаёт ба куҷое монда рафт, аз тарси он, ки баногоҳ мошин зер накунад, баробари тамом шудани бозӣ аз паяш шудам ва ӯро ёфта гирифтам. Дигар чӣ кор ҳам мекардам: охир, модараш ӯро ба ман супурда рафтанд! Иззат каме хомӯш истода, баъд пурсид:

  • Қисми якуми бозӣ чӣ хел гузашт? Ягон тӯб зада тавонистед?

  • Тӯб задан як тараф истад, дарвозаамонро ба зӯр муҳофизат кардем, - гуфт Меҳтар.

  • Агар ту барвақттар меомадӣ...

  • Ҳамаи ин бо гуноҳи Кибрӣ, - ҷавоб дод Иззат. - Бе маслиҳату бе тайёрӣ бозӣ даъват кардааст, - ва ба худи Кибрӣ, ки ҳанӯз ҳам хомӯшу ҳайрон истода, арақи рӯяшро пок мекард, муроҷиат намуд: - Ин корҳои ту аз худписандӣ: ба гапи ҳеҷ кас гӯш намедиҳӣ ва фақат рафтори худатро дуруст медонӣ. Чаро хомӯш истодаӣ? Додарҷастро гирифта зудтар ба хонаатон рав, эҳтимол, модарат ҳам омада бошанд.

Ин суханҳо Кибриро ба худ овард ва ӯ аз дасти Ҳаёт гирифта ба Иззат гуфт:

  • Бегоҳ ба хонаамон биё.
  • Хуб, мебинам.
  • Хайр, ман ҳам рафтам! - гуфт Меҳтар.

Бохтани бозӣ барои Кибрӣ ноумедии калоне буд. Ба замми ин рафиқонаш ба ҳар тараф пароканда шуда рафтанд. Фақат худи ӯ бо укааш танҳо монд. Ана баъд аз ин вай нодуруст будани рафторашро ҳис карда, суханони муаллимаро, ки «умед дорам, дигар дар назди рафиқонат сурх намешавӣ!» гуфта буд, ба хотир овард ва зуд сӯи хонаашон раҳсипор шуд: дар он ҷо вайро китобҳои дарсӣ интизор буданд...

пешина
аз 349
навбатӣ