Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан-
Ба ҳар ҳол, гап зан, гӯш мекунем: охир дар ин ҷо ҳама одамони худӣ-ку.
-
Аз ту чӣ меравад, - гуфт Анатолий ба гап ҳамроҳ шуда, - гап задан гир.
-
Ба гап задан гап мезанаму лекин... ҳама бовар кунанд ҳам, шумо бовар намекунед, Анатолий Михайлович. Шумо... мебахшед, албатта, барои ҳақиқатро гуфтанам, одами... Чӣ мегуфтанд? Ҳа, одами бадгумон ҳастед.
-
Рост бошад, чаро бовар накунам. Гӯшам ба ту, гап зан, - хоҳиш кард Анатолий.
Саша як сулфа карду баъд андешамандона ба ҳикоят даромад:
- Дар Ворошиловград бо духтаре шинос шудам, духтар нею фариштаи осмонӣ буд, - чунон зебо, танноз! Агар ҳангоми об нӯшиданаш ба гардани зебои дарозаш менигаристед чӣ хел аз гулӯяш гузашта рафтани обро медидед, то ҳамин дараҷа латиф буд. Лекин духтари бисёр хондагӣ, басе доно буд. Ҳар боре, ки вомехӯрдем, албатта як гапи нав мегуфт. Албатта, аз китоби нав хондагиаш, дидам, ки агар ман ҳам китоб нахонаму ҳар бор гапи наве нагӯям ва гӯсола барин чашму даҳонамро кушода наздаш нишастан гирам, дилаш аз ман сард мешавад. Ана он вақт аз паи китобхонӣ шудам. Ҳафтае нагузашта, духтар аз Ворошиловград, ки ҳангоми таътил ин ҷо назди аммааш омада будааст, ба ман суроғаашро дода, ба Первомайск омад. Ба ростӣ беқарор шудам, аз хобу роҳат мондам. Шабу рӯз дар бораи он духтар фикр мекардам. Ниҳоят «ҳар чӣ шавад, шудан гирад» гуфтаму ба Первомайск омадам. Дар ҳол назди духтар нарафтаму кор кофтам: коре ёфтан даркор буд, ки муздаш каму лекин дар вақти хизмат имконияти китобхонӣ дошта бошад. Ҳамин хел кор ёфтам. Медонед аз куҷо? Аз касалхона. Алавмони ошхона шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ