Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман сарамро аз тиреза берун бароварда, дар берун навдаи дарахтро, ки аз шиддати шамол шикаста буд, даст-даст карда дидам. Он ҷо чуқурҷае ба амал омада, гирдашро навда ва баргҳои тару тозаи нав аз пумбакҳо баромада мепӯшонданд.

Аз куҷое як ҷуфт фохта парвоз карда омад. Фохтаҳо чуқурҷа ва атрофи онро бо диққат аз назар гузаронданду боз куҷое парвоз карда рафтанд. Гумонам буд, ки дигар барнамегарданд, лекин саҳв кардам. Онҳо тез баргаштанд ва бо нӯлҳои худ хас гирифта оварданд. Ман фаҳмидам, ки фохтаҳо ин ҷоро барои худ қулай дониста, лона месозанд.

Духтарчаам Гулнора фохтаҳоро дида хурсанд шуд.

  • Ота, - гуфт ӯ аз кори фохтаҳо чашм наканда, - бинед онҳо хона месозанд.
  • Ҳа, Гулнораҷон, - тасдиқ кардам ва калиман «хона»-ро ба «лона» иваз намудам, - онҳо лона месозанд.
  • Лона?
  • Ҳа, лона, - ҷавоб додам. - Одам хона месозад, парранда - лона. Ва илова кардам: - хона гуфтанат ҳам хато не...
  • Хона, ки сохтанд, баъд чӣ кор мекунанд?
  • Фохтак-оча дуто тухм мезояд.
  • Тухм?
  • Ҳа, тухм. Дуто тухм мезояду муддате онҳоро ба тагаш гирифта хоб мекунад.
  • Хоб мекунад?

Гулнора духтарчаи беқарор, шӯх ва кунҷков аст. Он чиро, ки намедонад, ҳамон лаҳза пурсида мегирад. Ман ба вай тариқи тухммонӣ, ҷӯҷабарорӣ ва ба онҳо обу дон додани фохтаҳоро ҳикоя кардам.

Лона тайёр шуд, фохта-оча дуто тухм зоиду ба болояшон баромада нишаст. Фохта-ота бошад, ҳар рӯз аз пагоҳӣ то бегоҳӣ бо нӯли худ ба фохта-оча обу дон оварда медод. Ману Гулнора аз паси тиреза менигаристем;

пешина
аз 349
навбатӣ