Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

навиштан сар кард. Дар рӯи дафтар сатр аз паси сатр пайдо шудан гирифт. Ҳикояи шавқоваре баромад.

Вақте ки падару модар аз бозор баргаштанд, Баҳодур Салимро ба онҳо супурд ва воқеаро ҳикоя карда дод.

  • Салим ба кӣ рафта бошад?- гуфт модар аз ҳайрат ангушт ба даҳон бурда.- Ин қадар нотарс, ҷасур!

  • Раҳматии бобояш, падари ман,- ҷавоб дод усто Озар, - ба ӯ «Полвон»-и номиро гузошта буданд...

Рӯзи дигар муаллима Носирова иншои Баҳодурро бо завқ хонда гуфт:

  • Ҳикояи аҷоиб! Нағз фикр карда баромаДӣ, нағз навиштӣ... Аъло!

  • Аз худам фикр карда набаромадам,- фавран ҷавоб дод Баҳодур, - воқеа бо укоям рӯй дод, ман танҳо...

  • Шояд рост гӯӣ,- гуфт муаллима, - лекин ман иншоро хонда баҳо додам. Ба ростӣ, ҳикояи аҷоибе иншо кардай!

Баҳодур хурсанд шуда, худ ба худ гуфт: «Баҳои аъло гирифтан мумкин будааст-ку!».

пешина
аз 349
навбатӣ