Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

пинҳон нигоҳ дошта гардам?» - мегуфт ӯ ба худаш. Ҳамин ки модараш ба ошхона, ба сари дегу табақ рафта, машғули пухту паз шуд, Саттор бо овози паст аз Хадича дилсӯзона пурсид:

  • Чӣ гап, апа? Барои чӣ туро аз хондан момонданд? Ба ман гап зан, апаҷон.

Хадича дар ҳолате ки ҳанӯз дар чашмони шаҳлояш ашки риққат ҳалқа зада буд, пасу пешро аз назар гузаронд ва дид, ки дар наздикиашон касе нест, туфашро базӯр фурӯ бурда гуфт: - Ҷон додаракам, чӣ тавр фаҳмонам ба ту? Падарам маро ба шавҳар медиҳанд, ба шавҳар! Ин мумкин не. Охир ман... нав шонздаҳсола шудам, домодшаванда бошад ...

Хадичаро гӯё аз гулӯяш буғӣ карда бошанд, гапашро гуфта натавонист, боз оби дида резонд. Ин ҳолатро дида, қариб буд, ки Саттор ҳам гиря кунад.

  • Домодшаванда кӣ? Гап зан, апа, гиря накун! - пурсид Саттор бо зорию тавалло...

  • Эгами магазинчӣ, - базӯр ҷавоб дод Хадича, ҳанӯз ҳам фиқ-фиқкунон гиря карда. - Ин чӯтури лаънатии зани аввалаашро бо ду кӯдакаш дар Орҷоникидзеобод партофта, аз Душанбе як духтари бекасу кӯйро ба занӣ гирифта будааст. Ҳамин ки занаш фарзанд ёфтааст, ӯро низ партофта, ба ноҳияи мо омадааст. Ҳоло он зан бо кӯдаки ширмакаш сарсону саргардон гаштааст. Ин гапро худам аз даҳони одамон шунидам. Башараи хунуки ин қаллобро хок кашад...

Саттор фикр карда монд, фикраш ба ҳалли ин муаммо банд шуд.

  • Ман ба ҷои ту мешудам, ба директори мактаб гап мезадам, арз мекардам. Қосимов одами хуб, ғамхор, албатта, пеши роҳи падарамро мегирифтанд, - маслиҳат дод Саттор.

  • Ҳамин тавр карданӣ будам, вале модарам роҳ надоданд, «ин коратро падарат авф намекунанд, ҷазо

пешина
аз 349
навбатӣ