Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
СУКУТИ ПУРОВО
ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ
(Ба ифтихори ифтитоҳи шоҳроҳи
Душанбе—Хоруғ—Қароқурум)
Тоҷикистон, ки ваҳдатистон шуд,
Чашми олам ҳама сӯи он шуд.
Гашт пайваст бо ҷаҳон Ватанам,
Раги пайванди он кӯҳистон шуд.
Раҳи ваҳдат раҳи умеди Ватан,
Раҳи ояндаи сафеди Ватан.
Сӯи мулкони бекарони ҷаҳон,
Раҳи ваҳдат раҳи ҷадиди Ватан.
Рӯзгори накӯ муборак бод,
Як ҷаҳон орзу муборак бод.
Тоҷикистон, диёри ғамдида,
Рӯзи шодии ту муборак бод!
Рӯзи шодии ту зиёд шавад,
Мардумат ҷовидона шод шавад.
Тоҷикистони ваҳдатободам,
Иттиҳоди ту умрбод шавад!
апрели 1998
ОЯТИ ИХЛОС
Эҳдо ба устод Сайидалӣ Маъмур
Эй марди шариф, марди боному бананг,
Ғамхор ба фарҳангу ба аҳли фарҳанг.
Бигзор ба санг пешпоӣ бихӯрад,
Ҳар кас, ки ба рӯи роҳи ту гардад санг.
Сайидалӣ Маъмур
Устод, зи ҳар бафазл бофазлтарӣ,
Ғамхортарӣ зи ҳар касе бар фарҳанг.
Сад сол бизӣ ба хотири шеъри аҷам,
Сад сол бизӣ чу марди боному бананг.
Аз санг магӯ, ҷаҳон пури дилсанг аст,
Чун санг фузун шавад, куҷо оҳанг аст?!
Кам дидаму то ба ҳолиё меҷӯям
Он фардеро, ки чун ту бофарҳанг аст.
Аз ҳарфи бирешимии пурмаъноят,
Бигзор ҷаҳон сарои маъно гардад.
Бигзор зи шамси рӯи нуронии ту
Рӯшан раҳи сад ҳазор Раъно гардад!
сентябри 2004
РАНҶИ ШОИР
То хатову нуқси шеърам кам-камак маҳдуд шуд,
То каломам пок андак аз каму камбуд шуд.
Шаҳпари илҳоми ман то босахову ҷуд шуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё