Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гули тирхўрда дидам, дили тифл ёдам омад:
– Чи диле ба тифлии худ зада аз камоли худ тир.


На Шарқ аз таассуб биёсуду хест,
На Ғарб аз таассуб ба ҷон вошукуфт.


Зеботар аз ишқи ту дар олам чамане нест,
Хушбўйтар аз бўйи танат бўйи тане нест.


То биёбӣ хештанро дар замоне зиндапанд
Мурдафанде панд хону мурдапанде зиндафанд.


Саҳар, ки аз таровати гули шабнамзада Дилам мешукуфт,
Ногоҳ гул таънаам зад:
– Хабар дорӣ, ки лаби гули дили ёрат, Бешабнами бўсаи ту хушкид, Чунон, ки фарёди шикастанаш ба гўши ман бирасид?


Ҳама шарми ҷаҳон бори сарам шуд,
Пайи пўсиданам дори сарам шуд.


Чашми шўхат аз тамошо баста буд дар,
Гўши ту аз ҷумла ғавғо баста буд дар,
Ҷони ту аз доғи ғамҳо шустушў дошт,
Пайкарат бо пайкари ман гуфтугў дошт…
Субҳидам оби даҳони танги ҷаннат,
Рўйи гул дидам чакида…

пешина
аз 186
навбатӣ