Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ки гўяд: – «Ҳақ манам, танҳо манам!»
Дар ҳубоби хеш зиндоне санам.


Осмон ҳам об дорад дар ҷигар,
Аз Замин сад тоб дорад дар ҷигар.


Аз минбари гул илми амал сўйи фалак бурд,
Мо дар фалаки кинаи худ бесару поем.


Зи гаҳвора то гўр тарсондаанд,
Ва дар гўр ҳам мункаре мондаанд.


Осмон бо чароғи худ мегашт,
Рўзу шаб дар суроғи худ мегашт.
Одамӣ бар умеди ин раҳгум,
Мешуморад ҳанўз худро дум.


Чунон кушт одамӣ дар хеш инсон,
Ки бўйи одамӣ ҷўяд зи ҳайвон.


Дил гуфт, ки «Хоки Ватанат хуб шиносӣ?»
– Хоке ки ба чашмам задаӣ чун нашиносам?


Нест хушдил бо зану фарзанди худ
Ифтихори хешии Одам кунанд.


Бо оби ҷигар хаташ навиштам,
Хандид, ки «нақши рўйи об аст.»


Сар то ба пойи олам бутзор шуд аз одам,
Беҳуда бут шикаста бо хуни дил Пароҳим.


Замон бе замина равон чун хаёл,
На аз ҳаҷр тарсад, на ёди висол.


Ҳайфи шамшери муғул, ки кунд шуд,
Дар буриданҳои гарданҳои суратҳои мо.


Шикоят чун зан аз шавҳар кушояд,
Ба сўйи ошиқи худ дар кушояд.


Шикоят сўйи пўсидан ниҳад хў,
Иродат сўйи рўидан ниҳад рў.


Зиндагиро содаҳо зоидаанд,
Тарсамаш, мирад зи дасти пухтаҳо.


Одам оламро кашида бар салиб,
Боз хоҳад зиндагонии наҷиб.


Саркашон зеботар аз субҳи фурўғ,
Ногаҳон рафтам дили шоми дурўғ.

пешина
аз 186
навбатӣ